Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ҳамдигарро бо 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат табрик кардаанд.
Бино ба хабари Хадамоти матбуоти Президенти Беларус, Президенти Тоҷикистон дар табрикоташ гуфтааст, солҳои охир муносибатҳои ду кишвар ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва хайрхоҳӣ асос ёфтаанд, ки халқҳои моро ба ҳам мепайвандад, босамар рушд мекунанд:
“Дар ин давра заминаи мустаҳками ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ба вуҷуд омаданд, ки ҳамкориҳои моро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва бисёр соҳаҳои дигар ба танзим медарорад. Дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама СММ, ИДМ, СПАД, САҲА ҳамкории муассир ба роҳ монда шудааст”,-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки ҷонибҳо минбаъд низ шарикии стратегиро бо намунаҳои нави эҷодии ҳамкории байнидавлатӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду халқ ҳамаҷониба таҳким мебахшанд.
“Кишвари шумо барои мо шарики наздик ва боэътимод аст. Боиси хушнудист, ки дар ин давра мо системаи устувори ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро дар асоси дӯстӣ, ошкорбаёнӣ, эътимод ва эҳтиром бунёд кардем. Ҳамкории конструктивӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи сохторҳои муттаҳидкунанда сурат мегиранд. Заминаи созишномавӣ-ҳуқуқӣ ба рушди робитаҳо дар ҳама сатҳҳо мусоидат мекунанд”, — гуфтааст Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон.