Дар Тоҷикистон дарсҳои забони русӣ аз ҷониби ихтиёриён аз Русия баргузор мешаванд

Shared to Facebook

Шаш донишҷӯи ихтиёрӣ ба баргузории чорабиниҳои таълимӣ дар Тоҷикистон оғоз карданд.

Лоиҳаи «Ҳаракати ихтиёрӣ «Барои русӣ!» аз ҷониби Оҷонсии федералӣ оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи молиявии ҳукумати Федератсияи Русия амалӣ мешавад ва то миёнаи моҳи декабр идома хоҳад ёфт.

Корҳои ихтиёриён дар марказҳои таълимии зерин равона шудаанд:

  • ноҳияи Б. Ғафуров, деҳаи Хистеварз: Маркази таълимии хусусии «Дурахшандагон»;
  • шаҳри Исфара: Маркази таълимии хусусии «Мактаби байналмилалии Контакт»;
  • шаҳри Бустон: Маркази таълимии хусусии «Ворисони илм».

Мутахассисони ҷавон — омӯзгорон ва филологҳо, дарсҳоро тибқи барномаи муаллифӣ мегузаронанд, ки шогирдони тоҷикро бо афсонаҳои русӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои ҷашни «Масленица» ва «Соли нав», инчунин бо олимону кайҳоннавардони бузурги рус шинос мекунад. Барнома ба рушди малакаҳои коммуникатсионӣ ва бедор кардани таваҷҷуҳи хонандагон ба Русия равона шудааст.