21 ноябри соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Берн бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии почта (UPU) Метоки Масаҳико мулоқот намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот, тарафҳо роҷеъ ба сатҳи рушди соҳа дар Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои Созмон ҷиҳати пешбурди соҳаи алоқа дар кишвар тавассути рақамикунонии хизматрасониҳои почтавӣ дар ҳамаи марҳила ва таҳкими хамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.




