Имрӯз дар доираи ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова доир гардид, иттилоъ додааст Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин аз ҷараёни рушди устувори шарикии судманди дуҷониба ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба нақши муколамаи мунтазами сатҳи олии Сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко дар таҳкиму густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус баҳои баланд доданд.
Инчунин нисбат ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Иброз гардид, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, фармасевтӣ, кимиёӣ ва кӯҳкорӣ аз самтҳои муҳимми густариши ҳамаҷонибаи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ мебошад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.





