Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон меояд
Бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16-17 сентябр сафари расмии Сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар чорчӯби сафари мазкур Сарвазири Покистон дар нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон дар ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар Душанбе иштирок мекунанд.
“Дар назар аст, ки зимни сафари мазкур мулоқотҳои Сарвазири Покистон бо роҳбарияти олии кишвар доир гардида, бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд”.
Гуфта мешавад, Сарвазири Покистонро дар ҷараёни сафари расмӣ ба Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии он кишвар Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар доираи сафари мазкур нишасти чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон дар назар аст.
Дар ВКХ муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 13 сентябр бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собири мулоқот кардааст:
“Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, оид ба мушорикати ҷонибҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Мулоқоти Сафир дар Вазорати корҳои дохилии Қатар
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода рӯзи 14 сентябр бо Муовини вазири корҳои дохилӣ — мудири кулли раёсати амнияти ҷамъиятии Давлати Қатар Саъд бин Ҷосим Ал-Хулайфӣ мулоқот кардааст:
“Ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қатар ва дар ин замина нақшаҳои минбаъдаро ҷиҳати татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ карданд”, — омадааст дар хабари Сафорат.
Бо дарназардошти афзоиши хатару чолишҳои замони муосир, табодули назар атрофи роҳҳои муборизаи самараноку муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ сурат гирифтааст.
Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Мавлуд Чавушоғлу
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов рӯзи 14 сентябр бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мавлуд Чавушоғлу мулоқот кардааст:
“Зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуда, атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.