Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ кард

Shared to Facebook

26 июн таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парламенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ, аз ҷумла, ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷорисозии ҷаримаро барои ниқоб надоштан ва паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО дар назар дорад, маъқул донистанд.

Бино ба маълумоти котиботи Маҷлиси миллӣ, аз тағйиру иловаҳои мазкур аъзои палатаи болоии парламенти ҷумҳурӣ якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Ҳамакнун минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Fайр аз ин, дар иҷлосия тағйиру иловаҳое, ки мувофиқи онҳо ҷорӣ кардани ҷарима ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО пешбинӣ шудааст, низ тасдиқ гардиданд.

Тағйироту иловаҳо баъд аз имзо кардани Президент ва нашр дар ВАО-и давлатӣ мавриди иҷро қарор мегиранд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ як қонуни мукаммал — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муҳокима карда, ҷонибдорӣ намуданд, хабар медиҳад манбаъ.

“Инчунин, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, “Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Оид ба  ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино”, “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гаравхона (ломбард)”, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардиданд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфтанд”, — омадааст дар гузориш.

Ҳамчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои Президенти кишварро оид ба бозхонди судяҳои Суди Олӣ таъини судяҳо ба муҳлатҳои нав ҷонибдорӣ кардаанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар назди кумитаҳо, комиссия ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ вазифагузорӣ кардааст. Таъкид гардидааст, ки бинобар пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, таъсир ва оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баръало мушоҳида мегардад. Дар натиҷаи тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи эпидемиологӣ ва табобати беморон тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ меорад.

“Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои беҳдоштӣ, сироятшиносию вирусологии он такмил дода шаванд”.

Барои рушди устувору бемайлони иқтисодиёти кишвар зарурати таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо дар самти афзоиши сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, фаъолияти зиддиинҳисорӣ, иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи оқилонаи замин ва канданиҳои фоиданок таъкид карда шудааст.