Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқи барномаи Оинномаи футболи оммавӣ (AFC Grassroots Charter Gold) ба Конфедератсияи футболи Осиё барои узвият дар сатҳи тиллоӣ дархост пешниҳод кардааст, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар доираи раванди баҳогузорӣ дар Душанбе аъзои футболи оммавии КФО Чокей Нима (Бутан) ва Раҳаф Крум (Сурия) бо сафари корӣ дар Душанбе қарор доранд.
Ҳадафи ин сафар санҷиши ҳамаҷониба ва тасдиқи мутобиқати барномаҳо, сохтор ва фаъолиятҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон бо талаботи узвияти сатҳи тиллоӣ дар Оинномаи футболи оммавӣ мебошад.Имрӯз аъзои ҳайати КФО бо ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Дар рафти муҳокима ҷонибҳо самтҳои асосии рушди футболи оммавӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барномаҳо барои кӯдакон ва ҷавонон, мусобиқаҳои мактабӣ ва минтақавӣ, футболи занона ва дигар ташаббусҳоро дар самти футболи оммавӣ дар кишвар баррасӣ карданд.




