Имрӯз, 16 сентябр, дар Қасри миллат мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян баргузор гардид.
Пашинян ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот робитаҳои деринаи Тоҷикистону Арманистонро омили муҳими рушди пайдарпайи муносибатҳои ду кишвар номидаанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва фарҳанг, муҳокима кардаанд.
Барои мусоидат ба рушду пешрафти робитаҳои ҳамкории дуҷониба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дар ин замина баргузор намудани форумҳои тиҷоратӣ, зарур шумурда шудааст.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд табодули афкор сурат гирифтааст.