31 октябри соли 2025 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи ҳамоиши 43-юми ЮНЕСКО дар Самарқанд, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов вохӯрӣ кард, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ перомуни масоили муҳими муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, ба вежа дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва густариши равобити гуманитарӣ табодули афкор анҷом доданд.
Вазирон бо тамаркуз ба сатҳи вусъатёбандаи ҳамкориҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, азми устувори худро ҷиҳати равонасозии саъю кӯшишҳо барои тақвияти муносибатҳои дӯстиву бародарии мардумони ду кишвари ҳамсоя изҳор доштанд.




