Панҷакент “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф гардид

Shared to Facebook

21 октябри соли 2025 шаҳри Панҷакент расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” аз ҷониби “Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” эътироф гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сузанидӯзист, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давондааст.

“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад. Созмони мазкур шаҳрҳоро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ” эътироф менамояд.