Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 23 сентябр, бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ озими шаҳри Нур-Султони Қазоқистон шудааст.
Бино ба маълумоти котиботи Маҷлиси миллӣ, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоеви шаҳри Нур-Султон Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро муовини Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Аскар Шокиров ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтаанд.