Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳум дар хусуси барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расонидаанд.
Ин Ёддошт имрӯз, 23 сентябр, дар шаҳри Нур-Султон имзо шудааст.
Бино ба иттилоъи котиботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари расмӣ ба Қазоқистон бо Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимият мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Раиси шаҳри Душанбе ба тамоили рушди босуръати шаҳри Нур-Султон баҳои баланд дода, таъкид кардааст, ки васеъ намудани робитаҳои байни воҳидҳои маъмуриву ҳудудии ду кишвар, қабл аз ҳама пойтахтҳо муносибатҳои байнидавлатии моро қавитар мегардонад.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд:
“Дар ин самт омодагии шаҳри Душанбе барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо соҳибкорону ширкатҳои ҳавасманди Қазоқистон бобати ҷалби сармояи мустақим ва истифодаи самараноки фазои мусоиди соҳибкории пойтахт, иброз гардид”, — хабар медиҳад манбаъ.
Дар фарҷоми музокираҳо Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон муҳтарам Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳумро дур хусуси барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расониданд, ки гуфта мешавад, амалигардонии он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва равобити дӯстии байни пойтахтҳо шароити бештар фароҳам меорад.
Рӯзи гузашта Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии “АстанаГенплан” боздид намудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки мақсади асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии “АстанаГенплан” баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва тақвияти нақши илми ҳуқуқ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ширкат дар таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Қазоқистон, пешбурди Феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Қазоқистон, Бонки намунавии назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Қазоқистон, базаи ягонаи маълумоти тадқиқоти таҳлиливу иҷтимоии мақомоти давлатии Қазоқистон, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва таъмини фаъолияти низоми иттилоотӣ, ки ба дастрасии мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилои ҳуқуқӣ бо истифода аз технологияҳои компютерӣ мусоидат менамояд, ба ҳисоб меравад.
Дар идома Рустами Эмомалӣ аз Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии “iKOMEK”-и Ҳокимияти шаҳри Нур-Султон боздид намудааст. Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд, ки маркази мазкур бо реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият карда, ҳамаи марказҳои тамоси муассисаҳои коммуналии шаҳрро мепайвандад ва бо ҳамин тариқ нуқтаи марказии робита бо аҳолӣ ба шумор меравад.
Гуфта мешавад, дар марказ “iKOMEK” 60 мутахассис ва 6 ҳазор камераҳои мушоҳидавӣ фаъолият дошта, ба таври шабонарӯзӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандон хизмат менамоянд.