Дар доираи сафари расмӣ ба Қазоқистон рӯзи 24 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон Нурлан Нигматуллин мулоқот кард.
Дар мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои тоҷикистониву қазоқистонӣ арзёбӣ гардида, зикр карда шудааст, ки он дар натиҷаи саъю талоши муштараки ҷонибҳо ба таври мунтазам рушду тавсеа меёбанд.
“Муколамаи мунтазаму самимии Сарони давлатҳо ба тақвияти рушди муносибатҳои ду кишвари дорои фарҳангу арзишҳои маънавии умумӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ ва афзудани эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат намуд”, — гуфта шудааст дар суҳбат.
Рустами Эмомалӣ Қазоқистонро яке аз шарикони калидии стратегии Тоҷикистон номида, гуфтааст, ки Душанбе ба таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории шарикӣ бо Нур-Султон дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи калон дорад. Дар ин самт ба муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва иҷтимоиву башардӯстӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда шудааст.
Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз вазъи мураккаби сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштааст, ки ин ҳолати дар давлати ҳамсоя бавуҷудомада ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ дорад ва сафарбарии талошҳои муштаракро баҳри барқарор намудани сулҳи устувор дар сарзамини Афғонистон тақозо менамояд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии ҷаҳон ва рӯйдодҳои минтақавӣ зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши мудофиа ва амният зикр гардида, ҳалли қазияи афғонӣ аз омилҳои асосии таъмини амнияти минтақавӣ ҳисобида шудааст.