8–10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор мегарданд, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Саммити роҳбарони давлатҳо дар сиғаи «Осиёи Марказӣ – Русия»;
Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ);
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ.
8–9 октябри соли 2025 Президенти Федератсияи Русия, муҳтарам Владимир Владимирович Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар ҷараёни сафари давлатӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар назар дошта шуда, музокирот дар сиғаҳои «як ба як» ва бо ҳайатҳои васеъ баргузор мегарданд, инчунин имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ пешбинӣ шудааст.
Дар натиҷаи вохӯриҳо, нишасти матбуотии роҳбарони Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.
9 октябри соли 2025 президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия»-ро доир менамоянд. Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони давлатҳо масоили васеи ҳамкории бисёрҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳои фаромиллӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Аз натиҷаи саммит Баёния ва Нақшаи амалиёти муштарак қабул хоҳанд шуд.
10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар “Қасри миллат” таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити роҳбарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад.
Барои иштирок дар ин чорабинӣ Президенти Озарбойҷон – Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон – Никол Пашинян, Президенти Беларус – Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон – Қосимҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон – Содир Ҷабборов, Президенти Русия – Владимир Путин, Президенти Туркманистон – Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ташриф меоранд.
Роҳбарони давлатҳои ИДМ масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи ИДМ дода мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони кишварҳои ИДМ санадҳои муҳимеро имзо хоҳанд кард, ки барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ин қолаби бисёрҷониба мусоидат мекунанд.
9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мегардад.
Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои асосии тақвияти ҳамкории бисёрҷониба дар доираи ИДМ-ро дар бар мегирад.
Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ масъалаҳои рӯзномаи Саммити дарпешистодаи роҳбарони давлатҳои ИДМ-ро муҳокима намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амният, рушди устувор ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.