Аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон маҳдуд мешавад, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар»
Дар ин рӯзҳо дар пойтахт баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ ва ташрифи меҳмонон аз хориҷи кишвар дар назар аст.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар ин рузҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри рафтуомади меҳмонон маҳдуд мегарданд.
Масъулини раёсат ба диққати ронандагон мерасонанд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
Ҳамзамон аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи охири сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 8-уми октябри соли 2024 дар Москва таҳти раёсати Русия доир гардид. Аз 1-уми январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба дӯши Тоҷикистон вогузор гардид.
Акс: аз манбаъҳои боз