Баргузории ҷаласаи X Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Shared to Facebook

3 октябри соли 2025 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи X Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки прокуророни генералии Ҷумҳуриҳои Арманистон ва Қирғизистон, муовинони прокуророни генералии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус, директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон ва роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар додааст Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Ҷаласаи мазкурро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — генерал-лейтенанти адлия, Султонзода Сулаймон Саид оғоз намуда, бо қарори дахлдор Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон — Вардапетян Анна Кареновна ҳамчун раисикунандаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар солҳои 2025-2026 таъин карда шуд.

Сипас чорабинии болозикр таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон — Вардапетян Анна Кареновна идома ёфта, дар он дар қатори дигар аъзоёни Шӯро, роҳбарияти мақомот вобаста ба корҳои анҷомдодашудаи Агентӣ дар давраи раисӣ дар Шӯро ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ карданд.

Дар охири ҷаласа ҷиҳати фаъолияти Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар солҳои 2025 — 2026 қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои таъмини иҷро ба аъзоёни Шӯро ирсол гардид.

Ҷаласа дар маҷмӯъ дар сатҳи баланд ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, умед аст, ки қарорҳои дар он қабулгардида ҷиҳати пурзур гардидани муқовимат ба коррупсия дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти Агентӣ

➡️https://anticorruption.tj/ru