Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар мавқеъи кишвари моро дар робита ба вазъи Афғонистон таъкид кардааст. Вай рӯзи 27 октябр зимни суханронӣ дар нишасти дуввуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфтааст, вазъи ташкишовари Афғонистон аз ҳамсояҳои наздиктарин тақозо мекунад, ки барои барқарории сулҳу субот дар ин кишвар талоши бештар кунанд, хабар медиҳад Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вазир, вазъи душвори Афғонистон дар вақтҳои охир на танҳо барои мардуми ин кишвар, балки яке аз мушкилоти ҷиддии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳама гуна шаклҳои қонуншиканӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар ин рӯзҳои душвор барои Афғонистон, ки тамоми мардуми он дар остонаи фалокати башардӯстона қарор доранд, Тоҷикистон бетафовут буда наметавонад.
“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарории сулҳу субот дар Афғонистон буд ва ба ин мавқеъ содиқ боқӣ мемонад”, — гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Вай, ҳамчунин, аз вазъ дар вилояти Панҷшер, инчунин мавҷуд набудани асосҳои демократӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ кардааст.
“Тоҷикистон ҳамеша танҳо аз ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми нерӯҳои иҷтимоӣ ва этникиву сиёсии кишвар ҷонибдорӣ мекунад”, — таъкид кардааст вазири тоҷик.
Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ бо роҳи музокирот ҳарчи зудтар чораҳои фаврӣ андешида шавад.