Хабарҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Shared to Facebook

Мавқеъи Тоҷикистон оид ба Афғонистон ба ША СММ пешниҳод шуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат мавқеи кишвари моро оид ба вазъи Афғонистон ба Шӯрои Амнияти ин созмон пешниҳод кардааст.

Вай рӯзи 17 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амният оид ба масъалаи Афғонистон ширкат ва суханронӣ намудааст.

Дар ҷаласаи мазкур дар баробари кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ бархе аз кишварҳои ҳамсоя низ даъват шудаанд. Зимни он гузориши Намояндаи вежаи Дабири кул, Роҳбари Ҳайати мусоидати СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс оид ба вазъ дар Афғонистон шунида шудааст:

“Намояндаи доимии кишвар зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ироа кард” – хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

 

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БҶО баррасӣ шуданд

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 17 ноябр роҳбари навтаъйини Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) дар Тоҷикистон Адҳам Мусалламро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ-2), таъмини бехатарии озуқаворӣ, пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баррасӣ шудааст.

 

Мулоқоти Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат рӯзи 16 ноябр бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Лиу Женмин мулоқот кардааст.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (ш.Душанбе, с. 2022) ва татбиқи қатъномаи “Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Ню Йорк, 2023) баррасӣ шудаанд.

 

Ҳавасмандии Тоҷикистону Ҳиндустон аз тақвияти бештари ҳамкориҳо

Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода рӯзи 15 ноябр бо Муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ренат Сандҳу мулоқот намудааст.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳо ва роҳҳои рушди ҳамкориҳои  дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ гардидаанд:

“Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ва дар чаҳорчӯби механизмҳои дуҷониба таъкид намуданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.