Густариши ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба пешрафти кишвари мо ва тамоми минтақа минбаъд низ мусоидат мекунад. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл изҳор доштаанд.
Ин мулоқот рӯзи 22 ноябр дар ҳошияи сафари расмии Ҷозеп Боррелл ба Тоҷикистон сурат гирифтааст. Вай барои иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе омад.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои судмандро дар соҳаҳои мухталифи гуманитарию фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳал муҳокима намудаанд.
Зимни баррасии заминаи ҳуқуқии муносибатҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо, имзои Созишномаи мукаммали ҳамкорӣ ва шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо зарур шумурда шудааст.
Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ҳамкории ҷонибҳо дар самти рафъи оқибатҳои пандемияи короновирус, масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикистон расонидани кӯмак дар рафъи оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии паҳншавии вируси COVID-19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро изҳори миннатдории амиқ намудаанд:
“Сарвари давлати мо инчунин ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос карданд”, — хабар медиҳад манбаъ.
Ҷонибҳо аз раванди рушди устувори робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноат намуда, ба густариши масъалаҳои бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, афзоиши содироту воридот таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Дар ин зимн тасмим ва ҳавасмандии Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо махсус таъкид гардидааст.
Дар рафти мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.
Талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо дар ин арса, бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, сохтмони роҳҳои мошингард, пул, хати интиқоли барқ ва бунёди иншооти дигар дар манотиқи марзӣ бо ин кишвар таъкид гардидааст.
Дар рафти мулоқот дар доираи муколамаи сатҳи баланди амниятиву сиёсӣ оид ба нақши Анҷумани иқтисодӣ, Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ табодули андеша сурат гирифтааст.
Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шудааст, ки ҳамкории гуногунҷанбаи кишвари мо бо Иттиҳоди Аврупо дар оянда низ пайгирона густариш хоҳанд ёфт.
Ин мулоқоти дуввуми Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷозеп Боррелл дар камтар аз ду моҳи охир аст. Мулоқоти қаблӣ 11 октбяри имсол дар ҷараёни сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо дар Брюссел баргузор шуда буд.