Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозии якуми худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал доир кард, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар дидори ифтитоҳии даври интихобӣ футзалбозони мо бар дастаи Макао бо ҳисоби 10:2 ғалаба ба даст оварданд.
Дар даври навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби Тоҷикистон бо Камбоҷа вомехӯрад. Ин бозӣ рӯзи 22 сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.
Ба футзалбозони Тоҷикистон муваффақият хоҳонем!