Ширкати Ookla натиҷаҳои тадқиқоти нави глобалии суръати интернети мобилиро дар асоси ченкуниҳои истифодабарандагони замимаи Speedtest эълон кард. Дар ҷумҳурии мо аз рӯи натиҷаҳои семоҳаҳои II ва III бо суръати миёнаи таҳвили маълумоти мобилӣ — 15,85 Мбит/с ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар мавқеи пешсаф қарор дорад.
Дар рафти таҳқиқоти мунтазами худ, Ookla санҷишҳоеро, мустақилона аз тарафи соҳибони смартфонҳо дар шабакаҳои ҳамаи операторон анҷом дода шуданд, таҳлил менамояд. Маълумотҳо дар саросари кишвар ҷамъбаст карда мешаванд, то ки воқеияти максималии натиҷаҳо кафолат дода шавад. Тибқи ченкуниҳо дар Speedtest, дар шабакаи МегаФон Тоҷикистон имрӯз суръати миёна ҳангоми боргирии маълумот ба смартфон (Download) ва таҳвили маълумот (Upload) нисбат ба дигар шабакаҳои ҷумҳурӣ тадриҷан баландтар аст. Беҳтарин вақти миёнаи интизории даъват низ ба МегаФон тааллуқ дорад.
“Мо ба туфайли рушди пайвастаи шабака тавонистем ба чунин натиҷаҳо ноил гардем. Аз аввали сол мо фарогирии шабакаи 4G-ро дар қаламрави Тоҷикистон афзоиш додем. Ин ба сокинони кишвар имкон медиҳад, ки бидуни таъхир бо бозиҳои онлайн машғул шаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо муошират намоянд, филмҳо тамошо кунанд ва файлҳои дилхоҳро интиқол диҳанд. Акнун боргирии видео аз “ТикТок” дар якчанд сония имконият дорад. Солҳои охир мо вусъати воқеии истифодаи интернети мобилиро мушоҳида кардем. Ба чунин дастовард ҳам рушди умумии хизматрасониҳои маъруфи интернетӣ ва ҳам пайдоиши тарофаҳои нави манфиатнок барои муштариён мусоидат мекунанд”, — шарҳ медиҳад директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил Аглямов.
“Барои мо натиҷаҳои рейтинг анҷоми бомуваффақияти соли ҷашнӣ шуданд. Ин мукофотест, ки мо бо меҳнати ҳаррӯзаамон сазовор гардидем. Ookla аллакай ба Мегафон унвони босуръаттарин шабакаи Тоҷикистонро дода буд ва дар соли таҷлили 20-умин солгарди ширкат боз ноил шудан ба он боиси шараф аст. Он дурнамо барои солҳои оянда низ мебошад. Ақидае арзи ҳастӣ дорад, ки сабти рекорд аз нигоҳ доштани он осонтар аст. Мо ният дорем, ки корҳоро оид ба рушди шабака идома диҳем, зеро суръатҳои баландтарин имкониятҳои васеътарини рақамиро барои муштариёни мо фароҳам меоранд”, – қайд кард директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
Ширкати Окла, ки хизматрасонии Speedtest-ро таҳия намудааст, пешсафи ҷаҳон дар озмоиш ва таҳлили интернет мебошад. Хизматрасонӣ воситаи дақиқтарини ченкунии фаъолият ва ташхиси шабакаҳо ба шумор меравад. Speedtest ба суръат ва сифати пайвастшавиҳои мобилӣ ва собити баландсуръат назари мустақилона дорад. Теъдоди зиёди истифодабарандагон Ookla Speedtest-ро замимаи №1 барои санҷиши суръати интернет дониста, ҳамарӯза соҳибкасбони соҳа ба он эътимод доранд. Бо тадқиқоти нав дар сомонаи хизматрасонӣ шинос шудан мумкин аст.