10 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С.В. Григорьев бо Муовини раиси кумитаи Думаи давлатии маҷлиси Федералии ФР оид ба мудофиа, роҳбари гурӯҳи парлумонӣ оид ба робита бо Парламенти Тоҷикистон Ю.Н. Швиткин, инчунин вакили Думаи давлатӣ М.А. Иванов бо Раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода мулоқот анҷом дод.
Ҳамон рӯз ҳамчунин вохӯрии гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистону Русия баргузор гардид. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот Раиси кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот М. Гулзода, раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Н. Маҳмудзода, Раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Р. Шоҳмурод, инчунин Муовини раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Б. Саидвализода иштирок карданд.
Зимни музокирот ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва густариши робитаҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ-ҳуманитарӣ ва маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд.