Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Эрон бозӣ мекунад

Shared to Facebook

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» бозии ниҳоияшро доир мекунад. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Эрон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:30 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду бозӣ анҷом дод.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид.

🏆 Ҷоми Миллатҳои CAFA 2025

✔️ Гурӯҳи «B». Даври 3-юм

📅 4-уми сентябр | рӯзи панҷшанбе

⌚️ Оғоз – соати 20:30

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН 🆚 🇮🇷 Эрон

🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи Марказӣ

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон муваффақият хоҳонем!