Ситораи дурахшон: Нигоҳе ба зиндагӣ ва эҷодиёти Парвина Шукруллоева

Shared to Facebook

Сарояндаи таронаҳои маъруф, Парвина Шукруллоева 28 октябри соли 1984 таваллуд шудааст.

Фаъолияти эҷодии Парвина аз синни 3-солагӣ дар студияи кӯдаконаи ансамбли давлатии хореографии «Зебо» оғоз ёфтааст.  Парвина Шукруллоева мактаби мусиқиро бо ихтисоси фортепиано хатм кардааст.

Гран-при (ҷоиза)-и аввалини худро Парвина дар озмуни эҷодиёти кӯдакон — «Чӯҷаи заррин» ба даст овард. Ин ҷоиза исбот кард, ки истеъдоди духтарак воқеан ҳам шоистаи таҳсину эҳтиром аст.

Соли 1996, Парвина дар озмуни байналмилалии телевизионии «Утренняя звезда» («Ситораи субҳ») ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард ва ба унвони «Шаҳризодаи Шарқ» мушарраф гардид. Соле пас, дар соли 1997, Парвина соҳиби ҷоизаи касбии мусиқишиносон ва сарояндагони Тоҷикистон — «Сонеъ-97» гардида, ҷоизаи «Умед» (Надежда)-ро ба даст овард. Парвина маҳз ба шарофати овози дилнишин ва иҷрои вижаи таронаҳояш ба муваффақият ноил гардид.

Дар таронаҳои Парвина ҳамоҳангии фолклори шарқӣ ва аврупоӣ инъикос ёфтааст. Интихоби дурусти матн ва оҳанги мусиқӣ ба Парвина кӯмак кард, ки дили мухлисонро  тасхир намояд.

Имрӯз бо Парвина беҳтарин оҳангсозон, шоирони сурудасаро, танзимгарони маъруфи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла: Ҳ. Саидов, П. Пулодӣ, И. Муҳиддинов, Н. Орифҷонов, В. Юматов, П. Турабӣ,  Ғ. Арабов ва дигарон.

Нақши муҳимеро дар ташаккули шахсияти эҷодии ин ситораи ҷавон Ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии  «Мир» бозидааст.

Парвина маҳорати худро дар соҳаи кинофилм низ нишон додааст. Дар наворбардории филми бадеии «Ҷазира» таҳти роҳбарии коргардони маъруфи тоҷик Бако Содиқов ва филми «Туннел» аз коргардон Магдӣ Умед ширкат варзид. Парвина инчунин бо клипҳои маъруфи худ машҳур аст, аз ҷумла: «Тоҷикистон», «Намеравам ҳеҷ кучо», «Ишқи аввал», «Ишқи ёҳӣ», «Истиқлол».

Парвина ҳангоми сабти филми бадеии «Ҷазира»-и коргардони маъруфи тоҷик Бақо Содиқов ва дар филми «Нақб»-и коргардони синамо Мағди Умед боз як паҳлӯи истеъдоди худро намоиш дод.

Парвина имрӯз бо клип-таронаҳои худ, аз қабили «Тоҷикистон», «Намеравам ҳеҷ куҷо», «Ишки аввал», «Истиқлол» ва чандин  сурудҳои дигар маъруф аст.

Соли 2001 диск ва аудиоалбоми аввалини ӯ бо номи «Рӯзи таваллуди муҳаббат» ба нашр расид.

Имрӯз қалби Парвина пур аз илҳом ва афкору нақшаҳои эҷодист. Ӯ дар ҳама барномаҳои идона, расмӣ ва ғайрирасмӣ, ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он иштирок менамояд. Аз ҷумла, яке аз охирин баромадҳои ӯ дар шаҳри қаҳрамони Брест бахшида ба 55-солагии Ғалаба ва дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2000» дар шаҳри Ҳанновери Олмон буданд.

Соли 2001 вай дар озмуни байналмилалии «Баҳори апрел» дар Корея ширкат намуда, соҳиби «Ҷоми нуқрагин» гардид.

https://www.last.fm

Тарҷумон: Мавзуна Ниёзова