26 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёму таманниёти гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев расонданд.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба масоили рушди муносибатҳои ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисод, ба монанди саноат, энергетика, дорусозӣ, бахши кӯҳӣ ва агросаноатӣ, инчунин маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.
Масъалаҳои байналмилалӣ, хоссатан таъмини амнияту субот дар минтақа аз ҷумлаи мавзуъҳои дигари музокирот буданд.
Пас аз анҷоми мулоқот дар қасри Акорда маросими сарфарозгардонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла густариши муносибатҳои байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ордени «Дустӣ», дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуданд.
Мукофоти давлатиро ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев тақдим намуда, саҳми арзандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанберо дар густариши муносибатҳои неку ҳамсоягии ду кишвари дӯсту бародар таъкид карданд.