Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони васоити ахбори оммаро барои пӯшиши иттилоотии ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 5 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, эълон мекунад.
Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии ҷаласаи мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-83-95, e-mail: pressaccreditation@mfa.tj) муроҷиат карда, маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
1. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;
2. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;
3. Акс 3х4 (қолаби JPEG);
4. Телефон ва суроғаи нишони электронӣ.
Муроҷиати намояндагони ВАО барои аккредитатсия то соати 12:00, 1 сентябри соли 2025 қабул мегардад.
Манбаъ: https://mfa.tj/