17 супориши Президент ба аъзои Ҳукумат, роҳбарияти НБО “Роғун” ва ширкатҳои сохтмонӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 июл, зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ҷиҳати татбиқи саривақтиву ҳамаҷонибаи вазифаҳои дарпешистода ва дар муҳлатҳои таъиншуда анҷом додани корҳои сохтмони иншооти НБО “Роғун” пешорӯи аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти неругоҳ ва ширкатҳои сохтмонӣ чунин вазифаҳо гузоштанд:

1. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои дар муҳлатҳои муайянгардида ба истифода супоридани иқтидорҳои навбатии неругоҳ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, пешбурди корҳои сохтмонро таҳти назорати доимӣ ва қатъӣ қарор диҳад.

Махсусан, ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмону васлгарӣ ва пеш аз муҳлат ба истифода додани агрегати чоруми неругоҳ чораҳои зарурӣ андешад.

2. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷараёни корҳои сохтмонро тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои марбута, институтҳои таҳқиқотиву лоиҳакашӣ, ширкатҳои мушовир, фармоишгар ва пудратчиён иҷрои ҳатмии супоришҳои додашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

3. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро зарур аст, ки якҷо бо ширкати “Вибилд” корҳоро дар иншооти сарбанди неругоҳ суръат бахшида, устувории он, пешгирӣ кардани пуршавии обанбор аз обовардҳо, корҳои сементатсионӣ ва бетонрезии таҳкурсии сарбандро бо сифати баланд таъмин намояд ва дар муҳлатҳои таъиншуда баландии сарбандро ба сатҳи 1110 метр расонад.

4. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷиҳати дар муҳлатҳои муайянгардида то сатҳи 1100 метр аз сатҳи баҳр пур намудани оби обанбор, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, инчунин, ба итмом расонидани корҳо дар маҷмааи обқабулкунакҳои асосӣ, нақби обпартои қабати 4 ва дигар иншооти ёрирасон тадбирҳои амалӣ андешад.

5. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҷиҳати таъминоти молиявии ҷадвали корҳои тасдиқшуда дар самти бакорандозии агрегати навбатӣ чораҳои амалӣ андешанд.

6. Вазорати молия бо истифода аз ҳамаи манбаъҳо ва имкониятҳо барои пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта ва харидории масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва маводи сӯхт тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешад.

7. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон назорати сифати корҳои сохтмонро дар бунёди неругоҳ тақвият бахшида, барои сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузарондани лоиҳаҳои пешниҳодшаванда чораҷӯӣ намояд.

8. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо бо Комиссия оид ба гузаронидани озмунҳои байналмилалӣ барои сохтмони иншооти неругоҳи “Роғун”, вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои машваратӣ, гурӯҳи коршиносон, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

9. Шӯрои нозирон ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии “Роғун” якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади суръат бахшидани корҳои сохтмон барои дар соли 2023 зиёд намудани шумораи ширкатҳо ва кормандон дар асоси озмун ва бо риояи талаботи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

10. Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии “Роғун” якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, минтақаи обанборро бо риояи талаботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ сари вақт омода созанд.

11. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ҷиҳати бо кор таъмин кардани онҳо, барои чунин оилаҳо ҷудо намудани қитьаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намоянд.

12. Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани лоиҳаи “Бунёди роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод”-ро бо дарназардошти баланд гардидани сатҳи оби обанбори неругоҳ таъмин созанд.

13. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои садамавӣ дар иншоот ва таъмин намудани бехатарии кормандони сохтмони неругоҳ чорабиниҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, назоратро дар ин самт тақвият бахшад.

14. Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва аҳолии мамлакатро зарур аст, ки истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқро, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистон бо истифодаи таҷҳизоту технологияҳои каммасрафи барқӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ таъмин намоянд.

15. Вазорати фарҳанг, Кумитаи радио ва телевизион, кор бо ҷавонон ва оила, ҷавонон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи “Роғун” ва эҷоди асарҳои адабӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср мунтазам чораҷӯӣ намоянд ва дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд.

16. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир ба таъмин намудани кормандони неругоҳи “Роғун” бо роҳхатҳо ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо тадбирҳои доимӣ андешад.

17. Роҳбарону масъулон ва фаъолони шаҳри “Роғун” вазифадоранд, ки доир ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, махсусан, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир дар ҳар як оила барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои сохтмончиёни неругоҳ чораҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.