Баъди беш аз ду соли таваққуф, аз 30 августи имсол ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон ва Русия дубора барқарор мешавад. Дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ин хабарро тасдиқ кардаанд.
Анвар Латифзода, як масъули ин корхона, барқарор шудани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ карда ва илова намудааст, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Русия ва мулоқоташ бо ҳамтоёнашон дар ин кишвар рӯи даст гирифта шуд.
Корхонаи “Роҳи оҳани Русия” низ ин хабарро тасдиқ кардааст.
Латифзода ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, ҷузъиёти бештар ва ин ки қаторҳо ба кадом шаҳрҳои Русия мусофир мебаранд, рӯзҳои наздик эълон мешавад. Нархи сафар низ маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ ҳам дар робита ба барқарор шудани ҳаракати қатораҳо иттилоъ медиҳанд ва ҳамчунин, ҷадвали ҳаракати қатораҳоро нашр кардаанд.
Аз ҷумла, “Спутник Тоҷикистон” менависад, ки қатораи мусофирбари №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба — рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат мекунад.
Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ, рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар раҳсипор мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград ва баръакс низ ҳар ҳафта як маротиба сурат мегирад. Ин қатора аз Хуҷанд рузҳои чоршанбе ва аз Волгоград рузҳои шанбе ба сафар мебарояд.
Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри имсол тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.
Расонаҳои русӣ бо такя ба ширкати “Роҳи оҳани Русия” хабар додаанд, ки дар ояндаи наздик фурӯши чиптаҳо оғоз мешавад.
Ҳаракати қатораҳо байни Тоҷикистон ва Русия аз 17 марти соли 2020 бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.