«CAFA NATIONS CUP 2025»: Дар бозии ифтитоҳии Тоҷикистон – Ҳиндустон автомобилии BYD бурд карда мешавад

Shared to Facebook

Рӯзи 29 август дар Варзишгоҳи Марказии шаҳри Ҳисор бозии ифтитоҳии гурӯҳи «B»-и мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» миёни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мегардад, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.

Барои мухлисоне, ки чиптаи  бозиро мехаранд, туҳфаи гуворо омода шудааст – дар доираи лотереяи варзишӣ ҷоизаи асосӣ — автомобилии BYD E2 — бурд карда мешавад.

Пеш аз оғози бозӣ барои тамошобинон барномаи консертӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад. Маросими тантанавии мусобиқа соати 20:00 оғоз ёфта, пас аз он бозии Тоҷикистон – Ҳиндустон баргузор мешавад.

Чиптаҳоро ба ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «B»-и мусобиқаи  «CAFA Nations Cup 2025» метавонед дар платформаи echipta.tj харидорӣ намоед.  Нархи як чипта — 30 сомонӣ.

Ҳамаи дӯстдорони футболро ба бозӣ даъват менамоем!