Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV бо ирсоли паёми табрикотӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтааст.
Дар паёми табрикотӣ аз ҷумла гуфта шудааст:
“Ҷаноби Олӣ, паёми саломи гарму ҷӯшон ва орзуҳои неки хешро ба муносибати ҷашни солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо Ҷаноби Олӣ, ҳукумати Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон иброз менамоям”.
Дар барқияи табрикотии Оғохони IV садоқати Имомати Исмоилӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ба ҷонибдорӣ аз дастгирии дурандешӣ ва ҳадафҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, таъкид шудааст, ки “Шумо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии тамоми мардуми тоҷик кӯшиш менамоед”.
“Ҳамкориҳои деринаи мо дар асоси ҳадафҳои муштараки сулҳ, субот ва беҳтар шудани сифати зиндагии Тоҷикистон ва мардуми он оғоз ёфтааст. Дар ин замони чолишҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ умедворам, ки ин ҳамкорӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор хоҳад буд”, — гуфта шудааст дар паёми табрикотии ӯ.