Имрӯз байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе ва ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» шартномаи хариди 30 электробуси навбатӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар додааст.
Электробусҳои истеҳсоли ватанӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва сардкунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст доранд ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад.