Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо дабири кулли Бунёди шоҳии гуманитарии Баҳрайн

Shared to Facebook

20 июли соли 2025 дар шаҳри Манома мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн  (бо қароргоҳ дар Риёз) Акрам Каримӣ бо дабири кулли Бунёди шоҳии гуманитарии Баҳрайн Шайх Алӣ ибни Халифа Оли Халифа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.

Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории башардӯстона байни Тоҷикистон ва Баҳрайн баррасӣ карда шуданд.