Ҳафтаи гузашта натиҷаҳо ва дастовардҳои барномаи рушди соҳаи маорифи Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар ВМКБ бо иштироки раиси ВМКБ ва дигар намояндагони мақомоти расмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дигар, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти ВМКБ Фонди тоҷикистонии Оғохон барномаи рушди маорифро муаррифӣ намуд. Дар чорабинӣ раиси вилоят, Ёдгор Файзов, муовини раис, сардори раёсати маорифи ВМКБ, директори ФДҶТИҲКСМ дар ВМКБ ва мудирони шуъбаҳои маориф муаррифии барнома ва лоиҳаҳи Фонди тоҷикистонии Оғохон ва намояндагагони байналмилалӣ – шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдгор Файзов чорабиниро ифтитоҳ намуда, пеш аз ҳама ба кулли шарикони рушд, ки ҷиҳати рушду инкишофи соҳаи мазкур дар вилоят мусоидат менамоянд, изҳори сипос намуда, қайд кард, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маорифро афзалиятнок эълон намуда, барои ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани он, аз буҷаи давлат, нисфи маблағҳои ба соҳаи иҷтимоӣ ҷудошавандаро ба ҳамин самт равона месозад.
Зимнан Раиси вилоят аз нишондодҳои рушди соҳаи маорифи вилоят сухан гуфта, роҷеъ ба масъалаи ҷалби таваҷҷӯҳи хатмкунандагон ба андухтани касби омӯзгорӣ, махсусан, омузиши фанҳои дақиқ ва табиӣ ҷалб намуда, изҳор дошт, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда, мақоми муаллиму мураббӣ дар ҷомеа бояд баландтар бардошта шавад. Ба таъкиди роҳбарияти вилоят, то ҳанӯз суръати бунёд ва таъсиси муассисаҳои хусусии соҳа дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят суст буда, ҳамагӣ дар ҳудуди вилоят се муассисаи хусусии таълимӣ ва томактабӣ фаъолият доранд.
Хотиррасон гардид, ки имрӯз бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мусоидати шарикони рушд чандин муассисаи таълимӣ бунёду таҷдид гардида, кӯдакистонҳо сохта шуда истодаанд. Дар радифи ин, таҳкими заминаи моддию таҷҳизотии муассисаҳо идома ёфта, бо мақсади таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос мақомоти маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Директори иҷроияи Фонди тоҷикистонии Оғохон (ФТО) Кишвар Абдулалишоев аз ҳамкории судманд ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сухан ронда, афзуд, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи давлати Тоҷикистон барномаҳои Фонди мазкур дар соҳаи маориф маҳз ба таълиму тарбияи толибилмони лаёқатманд, баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон ва муҳайё сохтани шароити хуби таълиму тарбия дар мактаб нигаронида шудаанд, ки комилан бо стратегияи сиёсати миллӣ дар соҳаи маориф мувофиқ мебошад.
Мақсади ФТО дар самти маориф фароҳам овардани муҳити созгор барои ҷавонон ҷиҳати омӯхтани донишу малака, ақида ва арзишҳое мебошад, ки ба роҳандозӣ намудани ҳамкории самарабахши онҳо дар ҷаҳон саҳмгузорӣ карда, ба онҳо имконият фароҳам меорад, ки дар ҷомеа саҳми назаррас гузоранд. ФТО дар самти расидан ба ин ҳадаф дар ҳамкории созанда бо Ҳукумати Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ гузошта истодааст.
Роҳбари бахши маорифи ФТО Шералӣ Саидошуров аз ҳамкориҳо ва дастовардҳои давоми зиёда аз ду даҳсола бо Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф ҳарф зада, зикр намуд, ки танҳо дар ҳудуди вилоят 11000 омӯзгор ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, 66000 хонанда аз барномаҳои он баҳравар гаштанд. Дар маҷмӯъ, заминаи таҷҳизотии зиёда аз 300 кабинети методӣ таҳким, 210 номгӯи маводи таълимӣ ва 73-то адабиёти бачагона таълифу нашр гардиданд.
Айни замон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон аз фанҳои дақиқу табиӣ ва забономӯзии онҳо, дар 45 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят лоиҳаи пилотӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамчунин, дар вохурии мазкур, ФТО лоиҳаи глобалии Мактаб 2030-ро мушаххас мавриди баррасӣ қарор дод. Дар доираи ин лоиҳа Фонди Оғохон тасмим гирифтаст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
“Мактабҳои лоиҳаи 2030” дар минтақаи Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ интихоб мешаванд. “Мактаб 2030” лоиҳаи глобалии 10 сола буда, дар 10 кишвари дунё амалан татбиқ мешавад. Дар доираи ин лоиҳа баланд бардоштани сифати таҳсилот дар зинаи томактабӣ, мактабӣ, ибтидоӣ, ва миёнаи умумӣ ҳадафи калидӣ мебошад.
Дастовардҳои лоиҳа
— Харидории 16,400 адад китоби бадеи (115 номгӯ) ва 3,600 (се сатҳ) китоби омӯзиши барои такмили забони Англисӣ аз синфи ибтидои то синфи 11 барои 45 МТМУ;
— Таҳияи дастурҳои таълимӣ ва маводҳои омӯзишӣ барои дарсҳои иловагӣ аз фани физика, химия, биология, забони англисӣ ва забони русӣ;
— Хариди 6300 адад (42 номгӯй) китоб ва маводи омӯзишӣ барои дарсҳои иловагӣ аз фани физика, химия, биология, забони англисӣ ва забони русӣ барои 50 МТМУ;
— Таҳияи ва нашри 10868 адад аёният (плакат)аз фанҳои физика, химия, география, биология ва забони русӣ барои 60 МТМУ;
— Таъмини кабинетҳои методӣ ва ТИК-и МТМУ лоиҳавӣ бо 150 компютер, 41 принтер, 41 проектор.
— Таҳияи сомона, китобхонаи электрони барои Раёсати маориф ва дастгирии раёсат дар рақамикунони соҳаи маориф дар вилоят.Аз ҷониби бахши мазкур дар ҳамкорӣ бо раёсати маорифи вилоят сомонаи мукаммали раёсат таҳия шуда истодааст, ки фарогири порталҳои гуногун, аз ҷумла, китобхонаи электронӣ, дарсҳои аудовизуалӣ ва дигар бахшҳои муҳими таълимӣ буда, дар он маълумоти пурра оиди соҳа дарҷ хоҳад гашт. Илова бар ин, дар назар аст, ки 30 муассисаи таълимӣ ба шабакаи интернет пайваст мешаванд.
Дар ҷараёни муаррифии барномаю лоиҳаҳо дар байни иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои дахлдор табодули судманди афкор сурат гирифта, баҳри беҳбудии кор таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.