Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави якчанд ноҳия омадани сел, раъду барқ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин офатҳо хонаҳои истиқоматӣ, хоҷагиҳои ёрирасону заминҳои наздиҳавлигӣ ва роҳҳо зарар диданд.
“13 – уми июл тахминан соати 13:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел омад. Он дар як муддати басо кутоҳ роҳи мошингардро ба самти маркази ноҳия баст. Дар натиҷаи сел лою лойоба ба 7 хонаи истиқоматӣ ва 16 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд. Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Ин сели азим хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт.
Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус ҷалб шуда, тозакунии роҳҳо ва ҳавлиҳо аз лойоба идома дорад”, — хабар дод манбаъ.
Ҳамчунин, 13-уми июл бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаи Даҳагиёни ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод сел ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи офати табиӣ 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лой ва лойоба қисман зарар дида ва ду мошин, яке тамғаи ГАЗ-66 ва дуюмӣ КАМАЗ-ро сел шуста бурдааст.
Дар деҳаи Оҳангарони ноҳияи Нуробод сел муваққатан роҳи деҳаро бастааст. Дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод 65 метр роҳ миёни деҳаҳои Сайдон ва тугак шуста, 2 пули дорои аҳамияти маҳаллиро хароб кардааст. Роҳи мошингард муваққатан баста шудааст.
Мақомот мегӯянд, талафоти ҷонӣ сабт нашуда, дар ҷойи ҳодисаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад.
Дар ноҳияҳои Айнӣ ва Масчои Кӯҳӣ бар асари боло рафтани оби дарёи Зарафшон омадани сел ба қайд гирифта шуда, роҳи байни шаҳрак муваққатан баста шудааст.
Дар минтақаи Ромит бошад, як сокини 18-солаи деҳаи Новакро ҳангоми чаронидани чорво барқ задааст. Бар асари ҷароҳати вазнин вай дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.