Дар ин бора дар музокироти Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 16 ва 17 марти соли ҷорӣ ҷарайён дошт, гуфта шуда буд.
Раҳбари Қирғизистон қайд кард, ки таҷлили муштараки Наврӯз ба анъанаи нек табдил меёбад, ки рамзи сулҳу ваҳдати мардуми Осиёи Марказӣ мебошад.
«Ҳадафи умумии мо таҳкими эътимод байни мардум аст. Дар ин самт таҳкими ҳамкориҳои минтақаҳои наздимарзӣ қадами муҳим аст. Дар ин ҷо чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ нақши хоса доранд. Дар ин замина аҳамияти таҷлили дарпешистодаи Наврӯз дар шаҳри Хуҷандро, ки 31-уми март баргузор мешавад, бояд қайд намоям. Барои даъват изҳори сипос намуда, иштирокамро тасдиқ мекунам», — гуфт Ҷабборов.