COVID-19: дар Тоҷикистон 99 дарсади беморон шифо ёфтаанд

Shared to Facebook

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар айни замон, бино ба маълумоти манбаъ, дар шабонарӯзи гузашта 58 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти расмӣ, аз аввали бақайдгирӣ то 26 август дар Тоҷикистон 16653 нафар гирифторони сирояти коронавируси COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16480 нафар (99,0{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e}) шифо ёфтаанд. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтидаанд.

Тибқи маълумоти Вазорат, то 23 августи имсол дар Тоҷикистон наздик ба 1,9 млн нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то 26 август дар ҷаҳон беш аз 213,7 млн нафар мубталои ин беморӣ шуда, аз ин 4,45 млн нафар фавтидаанд.

Тибқи омори пойгоҳи маълумотдиҳии Ourworldindata.org, дар айни замон ҳар рӯз дар ҷаҳон 36,21 миллион воя ваксина истифода шуда, то рӯзи гузашта 5,13 млрд воя ваксинаи зидди коронавирус истифода гардидааст. Дар маҷмӯъ, 33{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} аҳолии ҷаҳон ҳадди ақал як дозаи ваксинаи COVID-19 гирифта, танҳо 1,6 фоизи аҳолии кишварҳои камдаромад ҳадди ақал як воя ваксина гирифтаанд.