Аз чор варзишгари тоҷик, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ба даври ҳаштякниҳоӣ баромаданд, ду нафарашон мағлуб шуданд. Ду нафари дигар имрӯз рақобат мекунанд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.
Ба маълумоти манбаъ, рӯзи 30 октябр се варзишгари тоҷик дар даври 16/1-финал рақобат карданд: Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Русия) дар вазни 63.5кг, Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг ва Шаббос Неъматуллоев бо Самуел Камара аз Сера Леон дар вазни -80кг.
Баҳодур Усмонов бар Илия Шакиров бо ҳисоби 3:2 ва Шаббос Неъматуллоев бар Самуел Камара бо накаути техникӣ ғалаба карданд, вале Абдумалик Болтаев аз ҳарифи ҳиндустонияш мағлуб шуд.
Рӯзи 28 октябр Ҷаҳон Қурбонов, ки мусобиқаро аз даври дуюм оғоз кард, ҳарифи кениягиашро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуда буд.
Рӯзи 29 октябр Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60 кг муқобили Роланд Верес (Венгрия) бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд.
Ҳамин тавр, аз ҳашт варзишгари тоҷик 4 нафар ба 8/1-финал роҳ ёфта буданд.
Рӯзи гузашта ду варзишги тоҷик карданд ва ноком шуданд. Дар вазни -60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.
Ҳамин тариқ, шаш варзишгари тоҷик иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардонро анҷом доданд.
Имрӯз, 1 ноябр, дар даври ҳаштякфинал ду варзишгари тоҷик, иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио — Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев вориди ринг мешаванд. Шаббос Неъматуллоев бо Кейлан Кассидӣ аз Ирландия ва Баҳодур Усмонов бо Сомчай Вонгсуван аз Тайланд рақобат мекунанд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо рӯзи 2 октябр дар шаҳри Белгради Сербия оғоз ёфта, то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Рақобатҳо дар 13 вазн сурат мегиранд.
Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.