Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз дастгир ва ҳабс шудани ду нафаре хабар доданд, ки ба хушунати хонаводаӣ ва латукӯби ҳамсаронашон айбдор дониста мешаванд.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла, чунин як ҳолати хушунати оилавӣ дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати як зан аз ҷониби нозирони пешгирии зуроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ошкор карда шудааст. Муайян гардидааст, ки шаҳрванд Муқумов Ҳасан Собирҷонович, санаи таваллудаш 19.07.1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Восеъ-111, нисбат ба собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода мебурдааст:
“Чунончи, номбурда санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ нисбат ба собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст”, — омадааст дар гузориш.
Вобаста ба ин ҳолат Муқумов Ҳасан дастгир карда шуда, тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо қарори суд, вай ба муҳлати 5-шабонарӯз ҳабс карда шудааст.
Ҳамчунин, дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як зани дигар аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ҷайлобов Амоналӣ Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 01.08.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Каримов дастгир карда шудааст:
“Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбати ӯ зуровариро истифода кардааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҷайлобов Амоналӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд”, — хабар дод манбаъ.