Инак, маросими хатми нахустин донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳрҳои Хоруғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Норини Қирғизистон фаро расид ва дар Текели Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, ҳанӯз ҳам корхо идома доранд. Ин лаҳзаҳо роҳи тӯлониро тай намуд. Дар таърихи маорифи дунё дар чунин муҳлати кутоҳ аз хишти аввали донишгоҳ то ба хатми нахустин донишҷӯёни он падидаи нодир аст.
Дар арафаи маросими хатми таҳсилот аз дирӯз, имрӯз ва фардои ДОМ бо Намояндаи Доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN), Сафир Қозидавлат Қоимдодов суҳбат доир намудем.
Воқеан, Сафир Қозидавлат Қоимдодов ба ҳайси танзимгари барномаҳои AKDN дар Тоҷикистон (1993-2006) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эълони иқдом, гузоштани хишти аввали Донишгоҳ то лаҳзаи маросими фориғтаҳсилон ширкати бевосита дошт. Бо саъю талоши ӯ барои се кишвари Осиёи Марказӣ ин таҷрибаи нахуст, таҳия, тавофуқ ва дастгирии бевоситаи роҳбарони давлатхо ризоияти ягона барои бунёди ин лоиҳаи бузург амалӣ гардид.
— Муҳтарам Сафир, аксари санаду ҳуҷҷатҳои таъсиси ДОМ ҳоло ба бойгонии таърих ворид шудаанд. Ҳамзамон, аз зеҳни ширкатдорони ин лоиҳаи таърихӣ хотираҳо зудуда шуданд. Шумо ба ҳайси танзимгар ва созмондеҳи лоиҳа омилҳо ва зарурати таъсиси ДОМ-ро шарҳ диҳед…
— Таҳияи барномаи ҳамкорӣ бо AKDN, бахусус бо Аълоҳазарат Шоҳзода Карим Оғохони IV, дар ибтидои солҳои 90-ум, пас аз чаҳор соли Истиқлолияти давлатӣ роҳи пургиреҳ, печида ва заҳматталаб буд. Зеро дар он солҳо ҳанӯз оддитарин қонунҳои ҳамкорӣ ва равобити байналмилалӣ, асноди мақоми дипломатӣ қариб вуҷуд надоштанд. Танҳо барои муколама ва робитаи ибтидоӣ лозим омад, ки тавассути кишварҳои дуюм ва сеюм ба AKDN роҳ кушоем.
Аммо бо талошҳои пайваста ва ҷидду ҷаҳди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мушкилоти дипломатӣ ва расмиёти равобит бартараф гардида, дар интиҳои соли 1994 робита барқарор шуд.
Моҳи майи соли 1995 Созишномаи Ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат дар таърихи дипломатияи тоҷик нахустин Созишномаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ чун шарикони рушд маҳсуб мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан Аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV — ро ба Тоҷикстон давъат намуда, ба ВМКБ ҳамроҳӣ намуданд. Дар яке аз суҳбатҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохон омода намудани кадрҳо ва мутахассисони ҷавобгӯ ба раванди иқтисоди ҷаҳонӣ, вазъи байналмилалӣ, татбиқи шакли нави идоракунӣ, менеҷменти иқтисод дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, вусъати тиҷорат ба миён омад. Бештар ба ин мавзуъ Мавлоно Ҳозиримом ҳангоми мулоқоташ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев 26 май таъкид карданд.
Сипас 29 май ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки ба бахши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ ва таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ чорабиниҳо таҳия гарданд.
Пӯшида нест, ки бидуни шумораи ками мутахассисон ва чанд нафар хориҷиён дар мавриди идоракунии лоиҳаҳо, таҳияи барномаҳои тиҷоратӣ, таҳияи барномаҳои зиддибуҳронӣ, ҳамкории иҷтимоии сеҷониба байни ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тиҷорат мавҷуд набуд. Дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам ба ин қишри зеҳнӣ эҳтиёҷ доштанд. Таъсиси чунин марказ ё донишгоҳ барои Тоҷикистон бори дигар дар мулоқоти соли 1998 ва Гуруҳи кории Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN) дар Тоҷикстон матраҳ шуд.
AKDN аллакай марҳилаи омӯзиши таъсиси шабакаҳои таҳсилотиро анҷом дод. То ин муддат дар таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаи AKDN мушаххасан курсҳои кутоҳмуддат, тренингҳо ва ҳамоишҳои таҷрибаомӯзӣ доир мекард.
— Муҳтарам Сафир, лутфан дар мавриди баҳсу баррасиҳои ном, макон ва ширкати шарикон маълумот диҳед. Зеро, тибқи маълумотҳо, дар бойгонии Шумо сабти пурраи муаррифҳои Гуруҳи корӣ мавҷуд аст.
— Иқдоми лоиҳаҳои сатҳи баланд масъулияти басо ҷиддиро тақозо мекунанд. Баъди созиши шифоҳӣ барои таҳияи санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва татбиқи лоиҳа Гуруҳи корӣ созмон дода шуд. Барои таҳияи лоиҳа беҳтарин коршиносон аз ИМА, Покистон, Русия, Олмон, Бритониё, Қирғизистон ва Қазоқистон ҷалб гардиданд. Ҳамзамон ман ба ҳайси танзимгари барномаҳои AKDN аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ба омӯзиши барномаҳои маориф ва лоиҳаҳои иҷтимоии AKDN шурӯъ кардам.
Муттаасифона, мисли имрӯза захираҳои технологии комуникатсионӣ ва интернет мавҷуд набуд. Зарур омад, ки шабу рӯз маҷаллаву мақолаҳо ба забонҳои англисӣ ва олмониро тарҷума ва мутолиа кунем.
Санаи 4-уми апрели соли 1998 фаъолияти Гуруҳи корӣ дар бинои Шӯрои Олӣ оғоз гардид. Аввалан фарзияҳои номи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) баррасӣ шуд. Гуруҳе Донишгоҳи минтақавии Осиёи Марказӣ, иддае Донишгоҳи манотиқи куҳистони Оғохон тавсия доданд.
Бояд зикр кард, ки он вақт ҳанӯз шарикон аз дигар ҷумҳуриҳо маълум набуданд. Ман аз рафти муаррифии якум ба Сарвари давлат гузориш додам. Пешвои миллат ба таъсиси ДОМ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мекард. Зеро барояш айён буд, ки дар як сол аз Тоҷикистон фақат 30 нафар барои таҳсил ба хориҷа мерафтанд. Ҳоло он ки аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон соле то 1500 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешуданд.
Дар муаррифии дуюм фарзияи “Донишгоҳи Осиёи Марказӣ” бо раъйи аксар қабул гардид. Акнун ба саволҳои “чаро маҳз дар Хоруғ?”, устувории молиявӣ ва ҷалби сармоя низ аз саволҳои калидӣ буданд. Коршиносон Шамс Кассим — Лаха аз Покистон, Баденков — Россия, Батир Бешимов аз Қирғизистон, Том Кисенгер аз ИМА оинномаи ДОМ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии онро таҳия намуданд (Оинномаи кунунии ДОМ асосан аз рӯи фарзияи Оинномаи Тоҷикстон қабул шуда буд).
Ба саволи макони ДОМ дар ҳадафи оиномавии ДОМ посух мавҷуд буд. Зеро мақсади асосии ДОМ ин тайёр ва омода намудани мутахассисон барои манотиқи куҳистони Осиёи Марказӣ буд. Оид ба сармоя ва маблағгузории он низ маълумоти муфассал дода шуд. Баъдан барои таъсиси донишгоҳ аз ҷониби Аълоҳазрат Шоҳ Карим Ал Ҳусайнӣ маблағи зарурӣ ҷудо гардид.
Дар баробари Гуруҳи корӣ ман гуруҳи коршиносони дохилӣ ва хориҷиро барои машварат ба лоиҳа ҷалб кардам. Моҳи августи соли 1998 лоиҳа барои муаррифӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон омода шуд. Мо бо Гуруҳи корӣ дар ҳайати доктор Ҷей Пратт (ИМА), Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Иноятова, доктор Шамс Кассим Лаха (Покистон), доктор Абдусалом Мамадназаров (Тоҷикистон), доктор Бакит Бешимов (Қирғизистон), доктор Франсисисатто (ИМА), Алимамад Ниёзмамадов (Раиси ВМКБ), доктор Хусрав Содиқов (Тоҷикистон), доктор Фредрик Старр (ИМА), доктор Юрий Баденков (Россия), доктор Клаус Лампе (Олмон), профессор Хаёлбек Додихудоев (Тоҷикистон), доктор Том Кесингер (ИМА) барнома, тарҳ ва оинномаи ДОМ-ро дар ИМА муаррифӣ намудем.
Воқеан, ин муаррифӣ барои профессорон ва мутахассисони ИМА ғаричашмдошт буд. Сипас дар Тоҷикистон ҳамаи асноду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ пурра омода шуданд. Роҳбарияти АКDN аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи омӯзиши иштироки дигар кишварҳои Осиё Марказиро хоҳиш намуд.
Ҳангоми яке аз сафарҳои кории собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ба Тоҷикистон, тибқи протоколи расмӣ, ман ба ҳайси муовини Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Акаевро дар фурудгоҳ истиқбол намуда, ҳамроҳӣ кардам. Дар рафти суҳбати кутоҳ ӯ аз рафти барномаҳои AKDN дар Тоҷикистон пурсон шуд. Зеро он сол ташрифи Мавлоно Ҳозир Имом ба Бишкек дар нақша буд. Ман дар мавриди ДОМ муфассал маълумот додам. Ин лоиҳа ба Аскар Акаев чун олим ва педагог писанд афтод. Ӯ гуфт, ки барои омӯзиши масъала ба ёвараш дастур медиҳад. Баъди чанд муддат Ҷумҳурии Қирғизистон розигии худро барои таъсиси кампус пешниҳод намуд.
Заҳмати 6-сола ниҳоят 27 августи соли 2000 паси сар шуд. 28 август дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Аълоҳазрат Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Созишномаи байналмилалии таъсиси ДОМ ба имзо расид.
Сипас 30 август дар шаҳри Бишкек Созишномаи байналмилалӣ оид ба таъсиси ДОМ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва 31 август дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Аълоҳазарт Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ба имзо расиданд.
Ҳангоми гусел дар майдони ҳавоии шаҳри Остона Аълоҳазрат бо хурсандӣ гуфтанд: “Мо дар се рӯз кори муъҷизаноки “фантастики”-ро ба иҷро расондем, ки барои болоравии сатҳи зиндагии ин мардум шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард”.
Пас аз имзо ва гузоштани санги таҳдоб дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, Норини Қирғизистон, Текелии Қазоқистон ҷомеаи ҷаҳонӣ ин лоиҳаро “беҳтарин иқдоми байналмилалӣ” дар манотиқи Осиёи Марказӣ номбар кард. Ҳамзамон ҳидояти Мавлоно Ҳозир Имом ҳангоми имзои Созишнома муҳтавои ҳамаи таманниётро ҷамъбаст менамояд: “Дар баробари бунёди фазои зеҳнӣ ва захираҳо ин Донишгоҳ имкон медиҳад куҳҳое, ки мардумон ва марзҳоро ҷудо мекунанд, ба занҷири васли одамон ва иқисоди минтақаро бо саъйи баланд бардоштани некуаҳволӣ равона кунад”.
Имрӯз самимона ба ройкорон, ки он вақт неруи зеҳнии хешро барои ин лоиҳа дареғ надоштанд, арзи сипос менамоям. Бахусус, аз заҳмат ва хизмати шоёни ҷаноби доктор Шамс Кассим Лакха, Мунира Иноятова, Ҷорӯбов Музаффар, Хаёлбек Додихудоев, Мамадшо Илолов, Алимамад Ниёзмамадов, Хусрав Содиқов, Шарофат Мамадамбарова, Мирганд Шаҳбозов ва Абдусалом Мамадназаров.
Маъмулан, имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо тақозои иқтисод, ниёзи бозор ва талаботи мардум таъсис меёбанд ва самараи онҳо мушаххасан бо омори иқтисод чен мешавад. Хушбахтона, дар ду кампуси амалкунандаи ДОМ ин омилҳо аллакай бараъло мушоҳида мешаванд. Чанде пеш ҳангоми шиносоӣ бо рафти хатми донишҷӯён дар шаҳри Хоруғ мутмаин гардидам, ки хатмкунандагон ДОМ дар вақти зарурӣ, дар ҷои лозимӣ ва айёми рушди иқтисод ба майдони меҳнат ворид мешаванд. Беш аз 60 фоизи хатмкунандагон аллакай дархости корӣ дошта, аксаран ба ҳайси ройкор ва мутахассиси серкасб кор мекунанд.
ДОМ имрӯз ягона Донишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки бо мақсади дастгирии аҳолии камбизоати минтақаҳои ҷаҳон ва қишри ниёз ба ислоҳот, аҳолии аз коммуникатсияи васеи шаҳр маҳрум, ҳамзамон барои рушди иқтисоди бозоргонӣ маҳсуб мешавад. Дар Аврупо ва умуман байни донишгоҳҳои дунё бо номи “Донишгоҳи рушд” низ маъруф аст.
ДОМ дар ташаккул ва тақвияти равобит, дустӣ, ҳамкории минтақаӣ, наздикшавии қавму халқиятҳо, омезиши фарҳангу маданият саҳми бузург мегузорад. Ҷавонони Осиёи Марказӣ ҳамаи ихтилофҳои миллӣ, анъанавӣ ва маҳаллиро аз байн мебаранд.
— Муҳтарам Сафир, лутфан оид ба сохтор, ҳадафҳо ва устувории молиявии ДОМ васеътар маълумот диҳед.
— Ман ҳамаи суханрониҳои сараварони се кишварро дар даст дорам. Ман ба суханҳои самимии Нурсултон Назарбоев, Аскар Акаев эрод надорам, вале таъкиди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтаво, ҳадаф ва моҳияти ДОМ-ро хеле хирадмандона зикр кардааст: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир баробари амалӣ намудани ислоҳоти ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар ҷодаи ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани зинаи таҳсилоти касбии олӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. ДОМ дар шаҳри Хоруғ, ки имрӯз фаъолияити худро дар асоси барномаҳои байналмилалӣ оғоз мекунад, саҳифаи нав дар низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад”.
Оид ба сохтори донишгоҳ маълумоти кофӣ додан зарур мебошад. Зеро ҳангоми сафарҳои корӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон дар ин бора суол мекунанд. ДОМ муассисаи таҳсилоти дунявӣ, ғайрисиёсӣ, ғайритиҷоратӣ ва мустақили дорои санади байналмилалӣ мебошад. Донишгоҳи мазкур яке аз камтарин донишгоҳҳои ҷаҳон мебошад, ки муассисони он президентҳои се давлат мебошанд. ДОМ аз факултети илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ (МИГД) донишҷӯёни аввалинро соли 2016 дар кампуси Норин пазируфт. Дар кампуси Норин ихтисосҳои “Илми компютер” ва “Иртиботот ва ВАО” тадрис мешаванд. МИГД бо ироаи барномаи панҷсола дониш ва маҳоратҳоеро фароҳам мекунад, ки равишҳои навро барои ҳалли мушкилот ва ба роҳ андохтани навоварӣ дар фаъолиятҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ имконпазир месозад.
Кампус дар шаҳри Хоруғ ихтисосҳои “Иқтисод” ва “Илм дар бораи замин ва муҳити зист”-ро тадрис мекунад. Кампуси Текелӣ, ки дар назар аст соли 2022 ифтитоҳ шавад, ихтисосҳои “Тиҷорат ва мудирият” ва “Илми муҳандисӣ-техникӣ”-ро омода мекунад.
Маъмулан, ҳамаи донишгоҳҳои маъруфи дунё — Кембриҷ, Оксфорд, Гарвард, Сорбон, Йел, Пристон пойгоҳҳои такягоҳии зинаи аввал доранд. Ба ҳамин усул ДОМ низ Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) дошта, он соли 2006 таъсис ёфт. Ин мактаб дар як фазои муносиб ва роҳат барои ҷавонон ва калонсолон маълумоти давомдор ва миёнаро пешниҳод мекунад, ки барои фаро гирифтани маҳоратҳои касбӣ ва боло бурдани имконоти пайдо кардани кор ва эҷоди манбаи даромад равона шудаанд. ММКД дар доираи 60 барномаву курсҳо дар 12 маркази омӯзишӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон зиёда аз 130 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифтааст. ММКД 15 феврали соли 2020 маросими хатми 160 донишомӯзро дар маркази омӯзишии шаҳри Бохтар низ баргузор намуда буд. Дар оянда тибқи ниёзи бозор ин мактаб фаъолияташро васеъ менамояд.
Дар таркиби ДОМ Мактаби олии рушд мавқеи хоса дорад. Мактаби олии рушд шомили Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ буда, Донишкадаи таҳқиқоти манотиқи кӯҳӣ ва Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитариро тадрис мекунад. Ин мактаб аз соли 2011 бештар аз 100 мақолаи илмӣ нашр кардааст, ки дар сомонаи ДОМ ба таври ройгон дастрас мебошанд. Ҳадафи Мактаби олии рушд эҷоди донишҳои нави дорои аҳамияти амалӣ барои Осиёи Марказӣ аст. Мактаб барномаҳои байнифанниро пешниҳод мекунад ва як муассисаи омодасозии баъдидипломӣ мебошад.
ДОМ дар доираи қонунҳо ва санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастӣ ва дастгирии васеъ фаъолият мекунад. Ҳамзамон донишгоҳи мазкур ҳамқадами маъруфтарин донишгоҳҳои дунё буда, таҷриба ва лоиҳаҳои муассисони онҳоро истифода мекунад. Равобит ва ҳамкорӣ бо коллеҷи Сенекаи Канада (барномаи омодагӣ), Донишгоҳи технологии Сиднейи Австралия (Иртиботот ва ВАО), Донишгоҳи Торонтои Канада (Илми компютерӣ), Донишгоҳи Колумбияи Британия дар Канада (Илм дар бораи замин ва муҳити зист), Мактаби иқтисоди Стокҳолми Рига (Иқтисод), Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ — Мактаби олии иқтисодии Маскав (Иқтисод) ва Донишгоҳи Викторияи Канад (Барномаи таҷрибаомӯзӣ) тибқи шартнома хеле самрабахш идома дорад.
Ҳамзамон дар идоракунии ДОМ таҷрибаи беҳтарин донишгоҳҳои дунё истифода шудааст. Донишгоҳро муассисон, Канслер, Шурои парасторон идора мекунанд. Канслери ДОМ Шоҳзода Карим Оғохони IV мебошад. Ӯ бо тавсия ва дархости Шӯрои парасторон ректор ва дигар мансабҳои калидии ДОМ-ро таъин мекунад. Аъзои Шӯрои парасторон ба фаъолияти ректор, сифати таълим, рушди ДОМ назорат бурда, дар ҳалли мушкилоти сарзада фаъолона ҳамдастӣ менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои башарии ДОМ ин аст, ки он давра ба давра барои тайёр кардани ҳайати устодон, профессорони маҳаллӣ шароит фароҳам меоварад. Дар марҳилаи аввал бояд 50 фисади ҳайатро кадрҳои маҳаллӣ ташкил намоянд. Алҳол дар ДОМ 90 фоиз ҳайати профессорон ва устодони маҳаллӣ кор мекунанд.
ДОМ ҳамзамон ягона Донишгоҳи дунё мебошад, ки дар доираи таҳсилоти давомдор ва бурсҳои давраӣ Институти идоракунии давлат ташкил намудааст. Соли 2018 Институт тадрис ва омӯзиши магистрҳои соҳаи идоракунии кормандони давлатии Афғонистонро ба роҳ монд. Дар оянда тибқи ниёзи соҳаҳои асосии идоракунии иқтисод, менеҷерҳо ва магистрҳои соҳибихтисос тайёр хоҳанд шуд.
Дар доираи барномаҳои ДОМ Институти тадқиқоти манотиқ ва ҷомеаи куҳистон ба омӯзиши рушди манотиқи куҳистони Осиёи Марказӣ машғул аст. Маъмулан, дар солҳои пеш мегуфтанд, ки “Инсонҳо дар ҳолати якум аз фалокат ба куҳ фирор мекунад, дар ҳолати дуюм одамон ба куҳҳо барои истироҳату фароғат мераванд”. Аммо куҳистони Осиёи Марказӣ, ки беш аз 60 фоизи ин ҳудудро фаро мегиранд, ба минтақаи рушди устувор, инкишофи соҳаҳои кашоварзӣ ва туризм табдил ёфтаанд. Барнома ҳамзамон ба истифодаи босамар аз сарватҳои куҳистон ва пешгирии хатарҳои офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки беш аз ҳама, таваҷҷӯҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳаррики пешравии ДОМ ба ҳисоб меравад. Ширкати бевоситаи Пешвои миллат дар ифтитоҳи кампус, маросими оғози таҳсил ва чандин мулоқоти корӣ бо Аълоҳазрат Оғохон IV ояндаи рушди иҷтимоиёт ва маорифро баррасӣ намуданд. Соли 2019 дар мулоқоти Париж рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ низ зикр гардиданд.
— Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодов, шояд ба ҳамин хотир аст, ки қариб 12 сол боз ДОМ чун беҳтарин “Ташаббуси иҷтимоии байналмилалӣ” ёд мешавад?
— Ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-ум, пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёи Марказӣ чун минтақаи аҳолии камбизоат, вале дорои захираҳои бойи табиӣ ва зеҳнӣ мавриди таваҷҷӯҳи рақобати геополитикии дунё қарор гирифт. Аксари кишварҳои абарқудрат дар Осиёи Марказӣ ҳадафҳои геополитикиро роҳандозӣ мекарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ибтидои даҳсолаи аввали солҳои 90-ум дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чанд донишгоҳи хориҷӣ ва байналмилалӣ низ таъсис ёфта буд. Муттаасифона, дар баробари таҳсилоти касбӣ таҳвили сиёсат ва ҳадафҳои сиёсии бегона боиси даргириҳои дохилӣ гардид. Аз ин рӯ, ниёз ба донишгоҳи ғаритиҷоратии мустақил бо ширкати муассисони кишварҳо ба миён омад.
Иқдоми таъсиси донишгоҳ ҳамзамон ба рушди иҷтимоии минтақа саҳми фаъол гузошт.
Сабаби дар Fарб чунин унвон гирифтани ДОМ дар он аст, ки ташаббус то ба ҳол ба ягон монеаи мавҷуда дучор нашуда, баръакс, натиҷаҳои он ба рушди иҷтимоӣ ҳамдастӣ менамоянд.
— Муҳтарам Сафир ба фориғтаҳсилони нахустин чӣ таманно доред?
— Дипломи донишгоҳ ин роҳхат ба кори амалӣ буда, он ба маҳорати идоракунӣ, маърифати сарварӣ, бархурд дар ҳолатҳои фавқулодда, маданияти зистану будан дар ҷомеаи пешқадам, пешсаф будан дар фаъолияти касбӣ ҳамдастӣ менамояд.
Сифати диплом ин кор дар амалия аст. Ман мутмаин ҳастам, ки хатмкунандагони ДОМ масъулияти “аввалин”-ро бо ҷисму зеҳну ақл дарк карда, самараи дипломро намоиш хоҳанд дод. Зеро урдуи навбатии донишомӯзон ба онҳо назари доимӣ доранд. Ин диплом тарҷумаи ҳоли минбаъдаи онҳо ҳаст, ки як умр онҳоро ба дастовардҳо ҳидоят мекунад. Қадру мақоми Шуморо ин диплом муайян мекунад. Ин шоҳбайт бояд шиори шумо бошад:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
— Муҳтарам Сафир, барои суҳбати гуворо самимона арзи сипос менамоем.
— Ташаккур!
Мусоҳиб:
Фарҳод Мирҷамолов
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон