Ҷабҳаи муқовимат: ҳукумати ғайриқонунии “Толибон” таҳдид ба субот ва амнияти Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон аст

Shared to Facebook

Эъломияи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар пайванд ва эълони ҳукумати сарпараст аз сӯи гурӯҳи «Толибон» дар Кобул

07.09.2021

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълони кабинаи сарпарастии аз сӯи “Толибон”-ро ғайриқонунӣ ва намуди воризи душмании ин гурӯҳ бо мардуми Афғонистон медонад. Мо аз тамоми шаҳрвандони Афғонистон мехоҳем, ки барои раҳоӣ аз ишғоли “Толибон” ва соири ҳампаймонони террористии он ба муқовимат ва истодагарӣ идома диҳанд.

Мардуми озода ва силаҳшурӣ мо, чунонки дар гузашта дар баробари тамомиятҳои ифротият, занситезӣ ба ҳукумати террористон муқовимат кард, имрӯз низ то наҷоти кишвар аз дасти террористон ва “Толибон” ба муқовимат идома медиҳад ва ҳукумати ғайриқонунӣ ва номашрӯҳи “Толибон”-ро дар Кобул таҳдид ба субот ва амнияти Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон медонанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бовар дорад, ки эҷоди ҳукумати мардумсолор, машруҳ ва қонунӣ сирфан аз тариқи ирода ва райъи мардум дар як интихоботи саросарӣ ва мавриди таъйиди ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба миён биёяд.

Таҳмили як ҳукумати дастнишондеҳ бар мардуми Афғонистон хилофи каромати инсонӣ ва муғоири ҳуқуқ ва қавонини байналмиллалӣ ҳаст.

Мо аз Созмони Милали Муттаҳид, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории минтақавии Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО, кишварҳои узви қалби Осиё, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, кишварҳои таъсиргузори минтақа ва ҷаҳон мехоҳем, то эҷоди шароити муттании бархости тамоми мардуми Афғонистон аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатӣ бо “Толибон” худдорӣ варзанд ва мардуми Афғонистонро дар раҳоӣ аз терроризм ва ишғол ҳамкорӣ кунанд, то бошад як ҳукумати муттании ба орои мардум дар кишвар шакл бигирад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ баъд аз машварат бо шахсиятҳои сиёсӣ ва кадрҳои тахассусӣ ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолор ва посухгӯйро эълон хоҳад намуд.