Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Муҳаммад Солеҳ Регистонӣ дар бораи ҷиноятҳое нақл кардааст, ки ҷонибдорони ҳаракати радикалии “Толибон” баробари ворид шудан ба Панҷшер анҷом додаанд.
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии Aamaj News, Регистонӣ дар муроҷиатномаи видеоие гуфтааст, ҷангҷӯёни толиб бе иҷозат хонаҳои сокинони вилоятро кофтуков карда, мардуми бегуноҳро парондаанд ва ҳамзамон ба хешовандон дафн кардани мурдаҳоро манъ кардаанд.
“Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус созмонҳои башардӯстона хоҳиш мекунам, то бифаҳманд, ки толибон пас аз шиканҷа чӣ қадар одамони бегуноҳро дар зиндони Каписо ҳабс кардаанд”, — дархост кардааст ӯ.
Ба гуфтаи Фармондеҳ, ҷангҷӯёни “Толибон” ҳар рӯз дар Панҷшер чунин ҷиноятҳо содир мекунанд. Дар деҳаҳо ҷангҷӯён одамонро боздошт карда, аз онҳо талаб мекунанд, ки силоҳҳояшонро супоранд. Дар сурати набудани силоҳ толибон тамаъҷӯёна пул талаб мекунанд:
“Муқовимат зинда аст ва ҷиноятҳо ба толибон барои ғалаба кардан дар Афғонистон ва замини муборизони Панҷшер барои озодӣ кумак нахоҳанд кард”, — таъкид кардааст Регистонӣ.
Ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии “Толибон” 6 сентябр хабар доданд, ки ба Панҷшер — ягона вилояти берун аз назораташон ворид шаванд. Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ба “Толибон” Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Покистон ва неруҳои махсуси ин кишвар барои вуруд ба Панҷшер кумак кардаанд.
Бино ба маълумоти Ҷабҳаи муқовимат, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва бесарнишини Артиши Покистон Панҷшерро бомбаборон карда, баъди ин ҷангҷӯёни толиб дар ин вилоят ба наслкушӣ даст задаанд.
Тибқи охирин маълумоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, онҳо 65 дарсади қаламрави Панҷшерро таҳти назорат доранд ва муборизаро бо тундгароҳо дар дигар вилоятҳои Афғонистон идома медиҳанд.