Эътирозгарон дар Алмаато дар сатҳи касбӣ амал карданд, дар байни онҳо гурӯҳҳои муташаккил, аз ҷумла снайперҳо низ буданд, гуфт муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон Даурен Абаев дар шабакаи телевизионии “Хабар 24”. Суханронии ӯ дар YouTube пахш шуд.
“Аз ҷониби террористон снайперҳо бо туфангҳои махсус амал карданд”, — гуфт Абаев ва ба сатҳи баланди омодагии иштирокчиёни ҳамлаҳо ишора кард.
Абаев афзуд, тазоҳуроти ибтидоии сулҳомезро тадриҷан “бандитҳо ва террористҳо”-и мусаллаҳ бо калтакҳо ва “коктейлҳои Молотов” ба роҳбарӣ гирифтанд.
“Бандитҳо ба ғоратгарӣ машғул шуданд ва гурӯҳи дуюми муташаккили ҷангҷӯён-террористон ба мағозаҳои аслиҳа ҳамлаҳои мақсаднок анҷом дода, воситаҳои алоқаро аз пулис гирифтанд. Ҳамлагарон касбӣ амал карданд”, — гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, “ишғолгарон” чанд маротиба талош карданд, ки тавассути телевизиони марказӣ ба таври мустақим ба эфир бароянд, ду маротиба сарбозони нерӯҳои марзбонӣ ҳамла ба манораи телевизионии “Коктобе”-ро рафъ кардаанд.
“Террористҳо” ба таври фаврӣ бинои фурудгоҳ ва чанд ҳавопайморо тасарруф кардаанд, афзуд Абаев. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳама иншооти тасарруфшуда гузаргоҳҳо бо баррикадаҳо гузошта шуда, дар иншооте, ки таҳти назорати эътирозгарон қарор гирифтанд, дар ҳар ошёна “ҷангҷӯён” навбатдорӣ карда, даромаду баромадҳоро назорат мекарданд.
“Ҳадафи асосӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буданд. Ҳадди ақал, як ҳолате маълум аст, ки сари курсанти ҷавонро буридаанд”, — гуфт Абаев ва афзуд, ки дар маҷмӯъ, дар ҷараёни ин ҳаводис 18 маъмури амниятӣ кушта шудаанд.
Вай ҳамчунин хост, ки фаҳмиши нерӯҳои посдори сулҳи СААД бо нерӯҳои вокуниши сареъ омехта нашавад ва ишора намуд, ки нерӯҳои посдори сулҳ дар амалиёти ҷангӣ ширкат намекунанд.
Ба гуфтаи Абаев, рӯзи 6 январ дар “қисми ҷангии амалиёти поксозии шаҳр” кормандони воҳидҳои “Беркут”, “Аристан” ва “Арлан” ва низомиёни вазорати мудофиаи кишвар ширкат доштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт ҳамаи биноҳои маъмурии Алмаато “аз террористон тоза карда шуда, ҷангиёни зиёд кушта ё дастгир шуданд”.
Ба гуфтаи Абаев, мақомот дар мавриди мансубияти ин афрод ба созмонҳои ифротӣ фарзияҳои мухталифро баррасӣ карда, афродеро ҷустуҷӯ доранд, ки то ҳол дастгир нашудаанд:
“Ҳоло дар тамоми манотиқи кишвар тартибот барқарор шуда, вазъ мӯътадил аст”, — хулоса кард ӯ.