Дар ҳоле ки мақомоти Русия 7 шаҳрванди Тоҷикистонро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд, гуфтугуҳо дар мавриди сохтакориҳои ин ҳодиса ҳарчӣ бештар мешаванд. 4 нафари дастгиршудагон бевосита ҳамлагарон ва 3 нафари дигар иштирокчиёни ин ҳодиса гуфта шудаанд – чизе ки пушти дарҳои бастаи суди ноҳияи Басмани шаҳри Маскав хулоса кардаанд ва ҳамаи онҳоро то 22 майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.
Суди ноҳияи Басмани Маскав нахуст рӯзи 24 март чаҳор гумонбари ин ҳамла — Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридуни Шамсиддинро бо иттиҳоми терроризм (моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Русия) то 22 май ба ҳабси пешакӣ гирифт. Суд гуфт, онҳо ба гуноҳи худ комилан иқрор шуданд.
Кумитаи тафтишотии Русия ин чаҳор нафарро ба роҳандозии ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав гунаҳкор кард.
Бо вуҷуди он ки вакилони гумонбарон хоҳони муҳокимаи боз шуданд, судяҳо муҳокимаро махфӣ эълон карданд. Онҳо дархости тафтишотро қабул карданд, ки гуфт, муҳокимаи ошкор “метавонад сабаби фош шудани сирри тафтишот гардад” ва ҳамчунин “ба амнияти ширкатдорони раванд ва наздикони онҳо таҳдид кунад”.
Бино ба аксу наворҳои нашршуда, дар чеҳраи гумонбарони дастгиршуда осори лату кӯби шадид мушоҳида мешавад.
Далерҷон Мирзоев
Дар маҷлиси суд маълум шудааст, ки Далерҷон Мирзоев 32-сола, соҳиби кӯдакони солҳои таваллудашон 2018, 2017 ва дугоникҳои якунимсола мебошад. Ӯ дар Новосибирск ба муддати се моҳ сабти номи муваққатӣ дошта, мӯҳлати он аллакай гузаштааст.
Дар навори бозпурсии аз ҷониби сардабири RT Маргарита Симонян нашршуда ӯ роҳбари гурӯҳи терористӣ номида шудааст. Дар навор ӯ мегӯяд, ки тақрибан як моҳ бо Муҳаммад (дар мурофиа маълум шудааст, ки ин созмондиҳандаи дигари ҳамлаи террористӣ Муҳаммадсобир Файзов будааст) дар хобгоҳе дар роҳи Дмитров зиндагӣ мекард.
Вай ҳамчунин гуфтааст, ки 10-12 рӯз пеш тавассути Telegram бо нафаре бо номи Абдулло шинос шуда, аз хешовандони ӯ мошин харид, то таксиронӣ кунад.
Ба навиштаи нашрияи “Важные истории”, эҳтимол сухан дар бораи Абдулло Бӯриев меравад, ки шояд созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ дар Маскав бошад. Ба навиштаи ин нашрия, ӯ омилони ҳамлаи террористӣ дар Истамбулро дар охири моҳи январ бо мошини дорои рақамҳои Полша таъмин карда, сипас ба Русия парвоз кардааст. Бӯриев ба ҳайси куратори бахши афғонистонии ДИИШ зери назорати хадамоти истихбороти Туркия қарор доштааст.
Саидакрам Раҷабализода
Ба иттилои расонаҳо, дар суд ӯ тавассути тарҷумон посух додааст. Ӯ 30-сола буда, зану фарзанд дорад ва дар Русия сабти ном кардааст, аммо ҷойи зисташро дар ёд надорад. Айни замон бекор, маълумоти олӣ надорад.
Қаблан наворҳои боздошти ӯ пайдо шуда буданд, ки дар он маъмурони амниятӣ гӯшашро бурида, маҷбур мекунанд онро хӯрад.
Дар сабти видеоии бозпурсӣ, ки мард бо сари баста ва либоси хунолуд зоҳир мешавад, афсари амниятӣ дар паси дастгоҳи наворбардорӣ суол мекунад, ки ҳамлагарон силоҳи худро ба куҷо партофтаанд — дар вилояти Маскав ё наздиктар ба марз? Мард ҷавоб медиҳад, ки “дӯстонаш” ин корро кардаанд. Вай баъдан тавзеҳ медиҳад, ки ҳамлагарон қабл аз боздошт силоҳҳои худро дар роҳ партофтанд.
Ба навиштаи расонаҳо, Саидакрам Раҷабализода (Муродалӣ) аз шаҳри Ваҳдат будааст. Ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова ба “Озодӣ” гуфтааст, Саидакрам дар аввали моҳи январи имсол ба Русия рафта, “дар тақрибан се моҳи охир ягон бор на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод”.
Дар ҳамин ҳол, манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфтаанд, Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуда, 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин ба Русия рафт. Фаридуни Шамсиддин ҳангоми бозпурсӣ рӯзи 23-юми март тасдиқ кард, ки аз Туркия ба Русия гузашт, вале сабаби онро убури сарҳад ва тамдиди муҳлати будубош номид.
Дар видеои паҳншуда дида мешавад, ки гӯши ин шаҳрванди Тоҷикистонро бурида, ба даҳонаш гузошта, маҷбур кардаанд, ки онро фурӯ барад. Ба навиштаи “Фонтанка”, ин наворро шабакаҳои наздик ба гуруҳи “Вагнер” пахш кардаанд.
Саидакрам Раҷабализода дар суд гуфтааст, ёд надорад, ки кай ва дар куҷои Русия номнавис шудаааст.
Фаридуни Шамсидин
Фаридуни Шамсиддини 25-сола аз деҳаи Лойоби шаҳри Ҳисор, оиладор ва соҳиби як кӯдаки ҳаштмоҳа будааст. Ба маълумоти суд, Фаридун дар Красногорск сабти ном шуда, дар шаҳри Подолск кор мекард.
Навори боздошти ӯ аввалин шуда нашр гардид. Дар навори видеоие, ки сардабири шабакаи телевизионии RT паҳн кард, Фаридун мегӯяд, рӯзи 4 март аз Туркия омад, ба он ҷо барои убури марз ба хотири тамдиди ҳуҷҷатҳояш рафта буд.
Вақте нерӯҳои амниятӣ мепурсанд, ки ӯ дар “Крокус Сити Ҳолл” чӣ кор мекард, ӯ ҷавоб медиҳад: “Ман одамонро барои пул паррондам”. Ба гуфтаи ӯ, ба ӯ 500 ҳазор рубл ваъда карда, нисфашро пешакӣ ба корти бонкияш гузаронидаанд.
Боздоштшуда гуфтааст, ки дар Telegram мавъизаҳои як рӯҳониро гӯш мекард ва супориши террорро аз ёрдамчии ӯ гирифтааст. Бо созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ тавассути ин паёмрасон иртибот доштааст.
Ба думболи ин, шабакаҳои телеграми марбут ба нерӯҳои амниятӣ аксеро нашр карданд, ки дар он Фаридунро бо қувваи барқ шиканҷа мекунанд. Дар акс дида мешавад, ки ӯ дар рӯйи фарш нимурён хобидааст ва ба узви таносулаш дастгоҳи алоқаи низомии ТА-57 пайваст карда шудааст. Ба гуфтаи расонаҳо, ин роҳро нерӯҳои амниятӣ барои шиканҷа бо разрядҳои барқ истифода мекунанд.
Ба гуфтаи наздиконаш, “Фаридун шаш моҳ пеш ба Русия рафт ва ба хонаводааш пул мефиристод”.
Муҳаммадсобир Файзов
Дар наворҳо дида мешавад, ки ӯро ба толори суд бо аробача мустақиман аз шӯъбаи эҳёгарӣ бо ҳамроҳии табибони ёрии таъҷилӣ оварданд. Вай хеле оҳиста ва бо латма гап мезад. Тибқи маълумот, Муҳаммадсобир 19-сола буда, муҷаррад аст ва маълумоти миёна дорад. Қаблан ӯ дар сартарошхонаи шаҳри Иваново кор мекардааст ва дар он ҷо сабти ном шуда будааст.
Қаблан навори бозпурсии ӯ дар бемористоне, ки ӯро ҷарроҳӣ кардаанд, нашр шуда буд. Вай ба суоли аввали муфаттишон, ки ба ёрии тарҷумон сурат гирифт, бо суоли “Ман чӣ кор кардаам?” посух дод.
Бино ба иттилои нашршуда, ҳангоми амалиёти боздошт гуё муқовимат карда, як чашмаш сахт осеб дидааст. Дар сару рӯяш осори зарбу лат намудор буд.
Муҳаммадсобир Файзов аз ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Аз миёни аксу наворҳои гузоштаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ дида мешаванд. Баъзе аз расонаҳои Русия навиштаанд, ки ӯ ба варзиш ҳам рағбат дошт ва дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар дарсҳои кикбоксинг ширкат кардааст.
Ҳабси падар бо ду писараш: “хона ва автомашина додаанд”
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 25 март суди ноҳияи Басмании Маскав номи се гумонбари дигарро дар ин ҳамла эълон кард: Аминҷон Исломов; Диловар Исломов ва Исроил Исломов. Кумитаи тафтишоти Русия ба суд муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки ин 3 нафар айбдоршавандагон ба ҳамлаи террористӣ ба ҳабс гирифта шаванд. Ба иттилоъи РИА Новости, айбдоршавандагон — ду бародар ва падари онҳо — Аминҷон, Диловар ва Исроил Исломовҳо мебошанд.
Номи падарии ду нафари онҳо “Исроилович” аст. Суд муносибати хешутабории ин се нафарро шарҳ надодааст, вале расонаҳои Русия гуфтаанд, Аминҷон ва Диловар писарони Исроил Исломови 62-солаанд. Ҳарсеи онҳо дар кӯмак ба терроризм гунаҳкор дониста, зиндонӣ шудаанд. Аммо ҳарсе ин айбномаро рад кардаанд.
Исроил Исломов панҷ фарзанд доштааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, Аминҷони 33-сола охирин соҳибмулки мошине будааст, ки дар ҳамла ба толори консертӣ истифода шудааст. Мошинро ба гумонбарони терроризм бародари ӯ Диловари 24-сола фурӯхтааст. Аминҷон шаҳрванди Русия аст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар машварати марбут ба тадбирҳо оид ба ҳамла изҳор намудааст, ки ин се гумонбари парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” ба иштирокчиёни бевоситаи ҳамла хона ва автомашина додаанд:
“Боздоштшудагон дар омодакунии амали террористӣ кумак кардаанд: ҳамлагаронро бо манзили зист, автомашина барои ҳаракат таъмин карда, пулҳоро интиқол додаанд”, — нақл кардааст ӯ.
Тибқи фарзияи тафтишот, яке аз қаблан ҳабсшудагон — Шамсиддин Фаридунӣ (Фаридуни Шамсиддин) пеш аз моҳи январ Аминҷон Исломов ва то 11 март — Диловар Исломовро “ба ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ҷалб кардааст”.
Дар навори бозпурсии аз ҷониби сардабири RT Маргарита Симонян нашршуда яке аз боздоштшудагон ба воситаи тарҷумон нақл мекунад, ки 10-12 рӯз пештар дар Telegram ӯ бо шахсе бо номи Абдулло шинос шуда, ба ӯ ва Муҳаммад ном шахсе, ки бо ӯ иқомат доштааст, пешниҳод намудааст, ки мошинро аз хешовандони ӯ харанд. Вақти додани пули мошин онҳо дар роҳи Дмитрово вохӯрдаанд. Ин автомашинаро мардон мехостаанд, ки ба сифати такси истифода бурда, пул кор кунанд.
Як манбаи огоҳ ба “РИА Новости” гуфтааст, Диловар Исломов мошинро моҳи феврал фурӯхта, дар ҳамин ҳол, полиси суғуртаи ОСАГО ба он дубора ба расмият дароварда нашудааст.
Ду гумонбари ҳамла чанд ҳафта дар Туркия будаанд
Нашрияи туркии “Ҳуррият” аз қавли манбаъҳояш дар сохторҳои амниятии Туркия навиштааст, ки камаш ду гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” чанд ҳафта дар Истанбул буданд, вале эҳтимоли ба ақидаҳои ифротӣ гаравидани онҳо камтар аст.
Мақомоти Туркия рӯзи 26-уми март ва баъд аз санҷиши маълумот аз онҳо Саидакрам Раҷабализода (Муродалӣ) ва Фаридуни Шамсиддин ном бурдаанд, хабар медиҳад “Озодӣ”.
Таҳқиқи онҳо нишон додааст, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон чанд ҳафта дар Истанбул буданд ва “ин мӯҳлат барои ифротгаро шудани як шахс кофӣ нест”.
Нашрия рӯзи 26-уми март навиштааст, Саидакрам Раҷабализода рӯзи 5-уми январ ва Фаридуни Шамсиддин 20-уми феврал ба Истанбул рафтанд. Онҳо дар як ҳавопаймо рӯзи 2-юми март ба Маскав парвоз кардаанд.
“Ҳуррият” навиштааст, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин ҳангоми дар Истанбул будан дар меҳмонхонаҳои гуногун қарор дошта, акси худро ҳам дар шабакаҳо нашр кардаанд.
Фаридуни Шамсиддин дар бозпурсии рӯзи 23-юми март гуфтааст, ки барои санадҳояш бояд аз Маскав берун мешуд ва аз ин рӯ ба Истанбул рафту баргашт.
Мақомоти Туркия гуфтаанд, гумон намекунанд, ки будубоши ин афрод дар кишварашон сабаби гароиши онҳо ба ДИИШ шуда бошад.
Дар ҳамин ҳол, тавре “Известия” хабар медиҳад, суди ноҳияи Басмании Маскав рӯзи 26 март ҳаштумин гумонбари ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл” шаҳрванди Қирғизистон Алишер Қосимовро барои ду моҳ, то 22 май ба ҳабс гирифт.
Пештар аз он Кумитаи тафтишоти Русия боздошти Қосимовро талаб карда буд. Ба гуфтаи тафтишот, ин мард ба ҳамлагарон дар Путилково манзили иҷора додааст.
Гумонбаршуда гуфтааст, аз нақшаҳои террористон хабар надошт ва ба онҳо тибқи эълоне, ки дар интернет оид ба иҷораи манзил гузошта буд, манзил иҷора дод.
Зимнан, як рӯз пас аз ҳамлаи террористӣ дар Маскав дар шабакаҳои Telegram хабар доданд, ки эҳтимолан созмондиҳандагони теракт шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла, шабакаи “База” дар бораи дар шӯъбаҳои пулис паҳн кардани маълумот дар бораи чаҳор террористи эҳтимолӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дод.
Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор дошт, ки се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин рӯйхати пулис зикр шудаанд, ба амали террористӣ рабт надошта ва дар Тоҷикистон қарор доранд.
“Ривоҷиддин Исмонов ва Маҳмадрасул Насриддинов моҳи ноябри соли 2023 ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳоло дар ҷойи истиқомати худ зиндагӣ мекунанд”, — шарҳ дод ВКД.
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин хабар дод, ки шахси сеюм аз ин рӯйхат Рустам Назаров дар шаҳри Самараи Русия ба ҳайси ронандаи такси кор мекунад. Вай дар вақти ҳодиса бо аҳли оилааш дар ин шаҳр будааст ва ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ надоштааст.
Дар умум 11 нафар дастгир шудаанд
Ба навиштаи “Интерфакс”, Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия ба президенти ин кишвар Владимир Путин гузориш додааст, ки дар умум 11 нафар аз ҷумла чаҳор иҷрокунандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дастгир шуданд.
Бино бар хабари Би-би-сӣ ду гумонбари ҳамла кушта шудаанд. Яке дар худи толори консертӣ ва дигаре ҳангоми боздошт дар вилояти Брянски Русия. Мақомоти Русия ин маълумотро шарҳ надодаанд.
Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” шоми 22-юми март сурат гирифт. Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи ин ҳодиса 139 нафар кушта ва 182 нафар ҷароҳат бардоштанд.