Президентҳои Тоҷикистону Фаронса вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни як суҳбати телефонӣ вазъи Афғонистон, рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар ва ҳамчунин, муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Дар ин суҳбати телефонӣ, ки 25 август доир шуд, Пешвои миллат ба Сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намудаанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Зикр гардидааст, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.

Сарвари давлати мо бо нигаронӣ зикр кардаанд, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад:

“Президенти Тоҷикистон ба Президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба  якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот доданд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад, — изҳор доштаанд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар бораи идомаи машваратҳо оид ба масъалаҳои Афғонистон ба мувофиқа расидаанд ва тасмим гирифтаанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.