Дар ин рӯз мо ҳамсангарҳо, шарикдарсон се лаҳзаи ҳаяҷонбахши мусбату манфиро ёд мекунем. 14 июн ситораи мусиқии Шарқ Аҳмади Зоҳир ва шарқшинос, олим, сиёсатмадор, ходими намоёни ҷамъиятӣ Холиқназаров Худобердӣ ба дунё омадаанд.
Мутаассифона, ҳамзамон дар ин рӯз марги Аҳмади Зоҳирро бо сукути андӯҳ ёдовар мешавем.
Ба хотири 55-солагии фаъолияти меҳнатии Худобердӣ зери унвони “Шарқшинос, сиёсатмадор, ходими давлатӣ, дипломати мумтоз ва олим” зиндагиномаро таҳия намудем. Устод Ато Мирхоҷа матлабро хонда, бо ҷиддият гуфт: “Мо солҳои пеш агар ИҶШС менавиштем, он қадар оҳанги мутантан намегирифт. Аммо “СССР” менавиштем, ҳама бо фахр қарсак мезаданд. Ҳамаи ин унвонҳоро бо ду калима “Инсони комил” меғунҷонем”.
Аммо заҳмати 50-солаи Худобердиро дар даҳ ҷилд китоб низ ғунҷондан мушкил аст.
Худобердӣ, аслан, таҷлили зодрӯзашро дӯст намедорад. Бо ибораи шодравон Сардор Раҳдор, ӯ дар ин рӯз “қонуни танзими шадид” ҷорӣ кардааст. Аммо аз далелҳои таърихӣ, ҳаводиси даврони 55-солаи зиндагии Худобердӣ, ки ба таърихи муосири ҷомеаи Тоҷикистон марбут аст, чашм пӯшидан гуноҳ аст. Бори аввал шарқшиносу донандаи хуби Fарб вазири корҳои хориҷӣ интихоб мешавад. Бори нахуст аз минбари СММ ба забони тоҷикӣ ҳарф мегӯяд ва бори нахуст дар музокироти сулҳи тоҷикон мавқеи адолату ҳақиқатро ихтиёр мекунад.
Аз айёми кӯдакӣ ва мактабхонӣ шавқи зиёд ба бозии шоҳмот дошт ва дар мактаби шоҳмотбозони шаҳри Хоруғ, ки аз тарафи падараш, устод Холикназар Худобердиев роҳбарӣ мешуд, дарси касбии шоҳмотбозиро ёд гирифт. Ёдамон омад, ки ин бозии солимақлон, ашрофзодагону шоҳон буда, сайқали тафакурро суръат мебахшад. Яке аз ҳамсафони сиёсатмадори англис Уинстон Черчилл боре менависад. “Уинстон сарвари хуб аст. Сиёсатмадори дурандеш, вале дар шоҳмот зуд-зуд бой медиҳад”. Худобердӣ низ дар шоҳмот унвони қаҳрамонӣ нагирифт, аммо дар зиндагӣ воқеан, қаҳрамони даврон аст. Гарчанде дар 12-солагӣ унвони қаҳрамони вилоят оид ба шоҳмот дар байни мактаббачагонро дарёфт намуд.
Мактаби миёнаро дар шаҳри Хоруғ бо медали нуқра хатм намуда, дар соли 1969 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба факултаи шарқшиносӣ дохил шуд. Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳ дар курси сеюм барои таҳсили аъло соҳиби стипендияи ленинӣ гардид.
Дар моҳи майи соли 1974, як моҳ пеш аз хатми Донишгоҳ, ба Афғонистон, ба шаҳри Мазори Шариф ба сифати тарҷумони забони дарӣ фиристода шуд. Дар моҳи июни соли 1975 ба Ватан ба рухсатӣ баргашта, Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Баъд аз итмоми рухсатӣ дубора ба Афғонистон баргашт. Хидматро дар Афғонистон дар моҳи сентябри соли 1976 анҷом дода, ба Тоҷикистон баргашт.
Аз моҳи октябри соли 1976 ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатӣ ба сифати мудири китобхона ба кор шурӯъ намуд ва ин фаъолиятро то моҳи июли соли 1978 идома дод.
Моҳи июли соли 1978 ба сифати тарҷумони забони форсӣ ба Эрон фиристода шуд. Се моҳи аввал дар шаҳри Теҳрон, сипас дар шаҳри Машҳад ифои вазифа намуд. Он замон вазъи сиёсии Эрон хеле муташанниҷ шуда буд, дар Машҳад ҳар рӯз мардум тазоҳурот мекарданд. Баъд аз шурӯи инқилоб дар Машҳад дар аввалҳои моҳи ноябри соли 1978 ва куштори бераҳмонаи тазоҳуркунандагони ин шаҳр аз тарафи нерӯҳои низомӣ ба ӯ муяссар шуд, ки ҳамкорони шӯравии хешро аз шаҳр сиҳату саломат берун бурда, ба Теҳрон гусел намояд.
Сипас, бо супориши сафорати Шӯравӣ, барои иҷрои вазифаи нав ба шаҳраки Астара, ки дар сарҳади байни Эрон ва Озарбойҷони шӯравӣ қарор дошт, равон шуд. Чаҳор моҳ дар ин шаҳрак бо мутахассисони шӯравӣ вазифаи тарҷумониро иҷро намуда, баъд аз шурӯи ҷангҳои дохилӣ дар ин шаҳрак бо кӯмаки дӯстони эронӣ мутахассисони шӯравиро сиҳату саломат ба Теҳрон расонд.
Аз моҳи феврали соли 1979 дар Теҳрон дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ як соли дигар дар вазъияти хеле вазнини сиёсӣ иҷрои вазифа намуд. Аз хотираҳои он замон мудҳиштаринаш тазоҳуроти муҳоҷирони афғонӣ дар назди сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Теҳрон буд, ки сабаби он ворид шудани неруҳои низомии Шӯравӣ ба Афғонистон, дар таърихи 27 декабри соли 1979 буд. Дар натиҷаи ин тазоҳурот дар аввалҳои моҳи январи соли 1980 муҳоҷирон ба дохили сафорат зада даромада, байрақи сафоратро сӯзонда, ба тарафи бинои сафорат шишаҳои пури бензинро ҳаво доданд. Он замон ҳамаи кормандони сафорат дар дохили сафорат қарор доштанд ва омодаи мудофиа аз сафорат буданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос сафири СССР дар Эрон, дипломати машҳури Шӯравӣ Владимир Михайлович Виноградов мустақиман ба роҳбарони онвақтаи Эрон аз дохили сафорати дар муҳосирабуда занг зада, қотеъона таъкид намуд, ки дар сурати ишғоли сафорат неруҳои низомии Шӯравӣ барои ҳимояи сафорат ба Теҳрон ворид мешаванд. Баъд аз ду соат неруҳои низомии Эрон ҳавлии сафоратро аз ишғолгарон озод карданд.
Баъди ба эътидол омадани вазъият дар Теҳрон Холиқназаровро ба шаҳри Табрез фиристоданд. Дар ин шаҳр то моҳи июли соли 1980, то шурӯи ҷанги Ироқ бар зидди Эрон, иҷрои вазифа кард. Моҳи июли соли 1980 ба рухсатӣ ба Ватан баргашт ва аз сабаби шурӯи ҷанги сартосарии Ироқ бар зидди Эрон дигар ба он ҷо баргашта натавонист, зеро баъди шадид шудани ҷанг рафтани мутахассисон ба Эрон муваққатан манъ гардид.
Аз соли 1981 ба Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶТ ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор қабул шуд ва зимнан дар аспирантураи ғоибона таҳсил мекард. Вай дар муддати кори хеш дар Институт мақолаҳои зиёдеро ба чоп расонд, ки асосан ба мавзӯҳои таърихи Эрон ва Афғонистон иртибот доштанд.
Соли 1988 рисолаи номзади илми таърихро дар мавзӯи “Фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсии Ҷамолиддини Афғонӣ ва шогирдони ӯ дар Эрон дар охири асри ХIХ ва авали асри ХХ” дар Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои таърих гардид.
Моҳи октябри соли 1987 ба Афғонистон ба сифати тарҷумони гурӯҳи мушовирони Созмони ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуд ва дар шаҳри Кобул то моҳи ноябри соли 1988 ифои вазифа намуд.
Баъд аз баргаштан ба Ватан аз феврали соли 1989 дар Институти забонҳои шаҳри Душанбе ба сифати муовини мудири кафедраи фалсафа ба кор даромад.
Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълони истиқлолияти Тоҷикистон, вазъияти сиёсӣ дар кишвар тезутунд шуд. Бархе кишварҳои хориҷӣ дар умури дохилии Тоҷикистон дахолати мустақим намуда, вазъи мамлакатро муташанниҷ сохтанд. Баъд аз тазоҳурот ва майдонбозиҳои зиёд ба хотири ором кардани вазъи сиёсии кишвар миёни ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ созишнома дар бораи таъсиси ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ ба имзо расид. Мувофиқи ин созишнома, бояд ба ин ҳукумат афроди равшанфикр, беғараз ва намояндагони тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон интихоб мегардиданд. Моҳи майи соли 1992 Худобердӣ Холикназаров ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуд.
Дар шаш моҳе, ки дар вазорат кор кард, пеш аз ҳама, аз тариқи эълони озмун лоиқтарин кормандонро ба вазорат даъват намуд ва бештари онҳо баъдан то мансабҳои сафирӣ дар вазорати корҳои хориҷӣ кор ва хизмат карданд. Дар ин давра сафарҳои Президенти Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон омода намуда, бо муваффақият ташкил кард. Ҳамчунин, сафари ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон бо сардории сарвазири вақт Акбар Мирзоевро ба Афғонистон ҳамоҳангсозӣ намуда, амалӣ сот. Ин сафар ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои сарҳадӣ ва шинохти роҳбарони нави тоҷиктабори Афғонистон — президент Бурҳониддин Рабоннӣ ва вазири мудофиа Аҳмадшоҳи Масъуд хеле муҳим ба назар мерасид.
Дар ин байн дар чандин иҷлосияҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Моҳи сентябри соли 1992 ба амри тақдир дар Иҷлосияи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуда, ба забони тоҷикӣ суханронӣ кард. Суханронӣ ба забони тоҷикиро иштироккунандагони Иҷлосияи СММ бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол намуданд.
Аввалҳои моҳи сентябри соли 1992 вазъияти сиёсӣ дар Тоҷикистон чунон тезу тунд шуд, ки мунҷар ба шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва дар чунин шароит ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ ба истеъфо рафт.
Баъд аз истеъфои ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ Холикназаров барои таҳсил дар докторантура ба шаҳри Москва рафт. Ӯ дар аввалҳои соли 1993 яке аз муассисони “Барномаи кумак ба Помир” буд ва ҳамроҳи намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар моҳи январи соли 1993 ба ВМКБ сафар кард. Ин Барнома ба мардуми вилоят кумаки зиёд расонид. Ҳангоми таҳсил дар доктурантура Холикназаров хамроҳ бо устоди шодравон Отахон Латифӣ дар Москва “Маркази ҳамоҳангии нерӯҳои демократии Точикистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”-ро таъсис доданд, ки вазифаи асосии он иборат аз мусоидат ба шурӯи музокироти сулҳи байни тоҷикон буд. Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 1994 дар Москва музокироти сулҳи байни тоҷикон шуруъ шуд ва Холиқназаров то соли 1997 дар тамоми ҷаласаҳои музокироти сулҳи байни точикон ширкат варзид.
Баъд аз имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” дар санаи 26 июни соли 1997 Холикназаров ба шаҳри Душанбе баргашт.
Моҳи феврали соли 1998 Худобердӣ Холикназаров ба вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъйин гардид ва дар ин мансаб то соли 2000 ифои вазифа кард.
Моҳи марти соли 2000-ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба вазифаи мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ таъин намуд. Ӯ дар ин вазифа то моҳи сентябри соли 2001 фаъолият намуда, сипас бо дастури Сарвари давлат, ба сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ба сифати кордори сафорат (муовини сафир) фиристода шуд. Зимни анҷоми вазифа дар сафорат аз соли 2001 то соли 2007 то ҳадди имкон кушиш кард, ки ба рушду тавсеаи муносиботи дутарафа мусоидат намояд. Агар дар соли 2001 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Хитой дар ҳудуди 7,5 миллион доллари амрикоӣ буд, дар соли 2008 ин гардиш ба ним миллиард доллар расид. Дар ин муддат ду сафари расмӣ, 2 сафарӣ корӣ ва як сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой бо муваффақият анҷом пазируфт. Холиқназаров дар ҷаласаҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалие, ки дар шаҳрҳои мухталифи Хитой баргузор мегаштанд, фаъолона ширкат ва суханронӣ менамуд.
Мақолаҳои ӯ дар маҷаллаҳо ва китобҳои гуногун ба забонҳои хитойӣ, русӣ ва англисӣ дар Хитой чоп шудаанд.
Баъд аз хатми муҳлати фаъолият дар сафорат вай аз 1 октябри соли 2009 ба вазифаи сардори раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Соли 2012 Холикназаров ба вазифаи муовини аввали директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Худобердӣ Холиқназаров ба вазифаи директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашта, то соли 2019 дар ин вазифа фаъолият кард.
Соли 2015 Холиқназаров рисолаи доктори илмҳои таърихро бо ихтисоси “Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ” дар мавзӯи “Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намуд.
Дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин муассисаи илмӣ- таҳлилӣ, Холиқназаров ба омӯзиш ва таҳлили масъалаҳои муҳими стратегӣ пардохта, дар мавзӯҳои “Ваҳдати миллӣ”, “Нақши Тоҷикистон дар таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай”, “Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм”, “Тоҷикистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ”, “Хатари тафаккури ифротгароӣ”, “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитоӣ” китобҳо навишта, дар маҷмуъ, 10 монографияи илмӣ, се маҷмуаи мақолаҳо ва 223 мақолаи илмӣ чоп намуд. Баъзе аз китобу мақолаҳояш ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, хитойӣ, форсӣ ва арабӣ чоп шудаанд.
Худобердӣ Холиқназаров дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар Русия, Амрико, Хитоё, Олмон, Фаронса, Эрон, Ҷопон, Покистон ва тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуда, манфиатҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя мекард. Ҳамчун олими масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва бахусус созмонҳои байналмилалии минтақаӣ, ӯ дар омӯзиши Созмони Ҳамкории Шанхай саҳми арзанда гузошта, дар ин мавзуъ се монографияи илмӣ нашр намуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнатҳои Худобердӣ Холиқназарро ба назар гирифта, ӯро бо медали “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонид.
Имрӯзҳо Созмони Ҳамкории Шанхай 20-сола мешавад ва Худобердӣ Холиқназаров ба синни мубораки 70 мерасад. Ҳар ду ҷашн муборак бошад!
Наҷмиддин Шоҳинбод
Шагарф Мулло Абдол