Роғун — ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад.
(Эмомалӣ Раҳмон)
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва соҳибистиқлол гардидани кишварҳои дар ҳайати он буда, вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар як қатор ҷумҳуриҳо тезу тунд гардида, боиси муноқишаҳои дохилӣ, бесарусомонӣ ва халалдор шудани ҷараёни рушду тараққиёт гардид. Бинобар сиёсати ягонаи мутамарказкунонидашуда, вобастагӣ миёни ҳамдигар ва амал тибқи нақшаи ягона доштани ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, онҳо бидуни дастуру супориши марказ кореро мустақилона анҷом дода наметавонистанд.
Иттиҳоди Шуравӣ дар раванди ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва ҷамъиятии собиқ кишварҳое, ки муддати 70 сол дар тобеияти он буданд, нақши калидӣ дошт. Давлати абарқударте, ки дар заминаи муносибатҳои сиёсию ҷамъиятӣ ташаккул ёфта, ба авҷи инкишофу тараққиёт расида буд, соли 1991 баъди пошхӯрӣ барои он кишварҳо пайомади ногувореро ба бор овард.
Низоми ягонаи иқтисодӣ ва энергетикие, ки тули даҳсолаҳо бунёд гардида, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо ҳам мепайвасту дар заминаи мубодилаи молу маҳсулот ва ашёи мавриди ниёз ҳамарӯза фаъолият менамуд, аз ҳам ҷудо гардид. Мушкилоти асосӣ дар он зоҳир гардид, ки ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар алоҳидагӣ наметавонистанд иқтисодиёт, саноат ва соҳаи кишоварзиро инкишоф диҳанд. Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавре роҳандозӣ гардида буд, ки ҷумҳуриҳо эҳтиёҷоти корхонаҳои худро аз ҳисоби ашёи хоми дигар ҷумҳуриҳо таъмин менамуданд. Масалан, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъминкунанди ашёи хом барои корхонаҳои марказ ба ҳисоб мерафтанд. Аксар корхонаҳои саноатии ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Украина, Белорусия ашёи хомро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мегирифтанд. Ё ин ки маҳсулоти саноатии тайёр бештар аз ҷумҳуриҳои номбурда ба Осиёи Марказӣ оварда мешуд.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани кишварҳои собиқ шуравӣ, робитаҳои иқтисодӣ низ то ҷое қатъ гардиданд. Барои кишварҳое, ки саноату иқтисодиёташон он қадар пешрафта набуд, мушкилоти иқтисодӣ бештар эҳсос мегардид.
Баъди мустақил гардидани ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ва коҳиш ёфтани робитаҳои иқтисодию саноатӣ аксар корхонаҳо аз кор монданд, ки чунин ҳолат ба болоравии буҳрони молиявию иқтисодӣ дар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ мусоидат намуд.
Тоҷикистон дар радифи ҷумҳуриҳои дигари собиқ шуравӣ мустақилияти худро ба даст овард, вале он осон ба мо муяссар нагардид. Зеро дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дучор шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси хисороти зиёди ҷонию молӣ гардида, пешрафти соҳаҳои иқтисодиётро ба даҳсолаҳо қафо партофт. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ харобу валангор гардида, молу ашё ва таҷҳизоти муассисаву корхонаҳои саноатӣ ғорат карда шуданд.
Бо вуҷуди душворӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта, соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам овард, ки мо ояндаи давлату миллат ва рушду инкишофи минбаъдаи ватанамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъмин ва дар баробари ин, захираҳои бою ғании табииро, ки дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, барои рушду тараққиёт истифода намоем. Истиқлолият, ҳамчун рамзи ватану ватандорӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги оламгир дар назди роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ва ба дӯши мардуми сарбаланду миллати тамаддунофари тоҷик вазифаҳои басо бузургу муҳимро вогузор намуд.
Барои давлати мустақилу ҷавони Тоҷикистон замоне фаро расид, ки мебоист бе дахолати дигарон ва таъсиррасонии қувваҳои беруна пойдорию устуворӣ ва бақои давлатро таъмин, ҳувияту асолати миллат ва ормонҳои ҳазорсолаи худро эҳё созад.
Роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди худ мақсад гузошт, ки барои рафъи мушкилоти дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию саноатии мамлакат ҷойдошта ҳадафҳои стратегиро амалӣ намояд. Маҳз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мисоли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардану ба кишвари транзитӣ табдил додан, аҳолии ҷумҳуриро ба ғизои хушсифат таъмин намудан, ягона роҳи наҷоти давлату миллат ва аз буҳрони молиявию иқтисодӣ баромадани мамлакат ба шумор мерафт.
Мушкилот ва душвории асосие, ки дар оғози даврони истиқлол эҳсос мегардид, ин масъалаи ташаккулу таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб мерафт. Лозим ба ёдоварист, ки рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз истиқлолияти энергетикӣ вобастагии зиёд дошт. Соҳаи энергетика, бахусус ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо рӯшноӣ ва гармидиҳӣ дар ин давра ба мушкилоти асосӣ дучор гардида буд. Норасоии қувваи барқ дар мавсими зимистон барои аҳолӣ душвории зиёдро эҷод мекард. Дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз ба аҳолӣ ҳамагӣ 2-4 соат қувваи барқ дода мешуд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ва баромадан аз ин душвориҳо, ин бунёду сохтмони неругоҳҳо буд. Бахусус, қисмати шимоли мамлакат, ки дар замони Шуравӣ тавассути шабакаи ягона аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қувваи барқ таъмин мегардид, баъди мустақилияти кишварҳои минтақа ва ҷудо шудани онҳо аз шабакаи ягонаи барқтаъминкунӣ ба норасоии неруи барқ рӯ ба рӯ гардид.
Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар бораи манфиатовар будани бунёди неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ- энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар — сухан мекарданд.
Пешвои муаззами миллат таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро яке аз стратегияҳои муҳимми сиёсати давлати Тоҷикистон арзёбӣ карда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётӣ талошу кӯшиши зиёде ба харҷ доданд.
Бо мақсади таъмини минтақаи шимоли мамлакат бо қувваи барқ соли 2009 ба бунёди хатти 500 киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, ҳамзамон, хатти баландшиддати интиқоли барқии 220 киловолтаи “Хуҷанд-Айнӣ” асос гузошта шуд. Дар як муҳлати кӯтоҳ бунёди онҳо ба анҷом расонида шуда, ҷиҳати таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ ва бунёду истифодаи корхонаҳои саноатӣ бо дастури Сарвари давлат сохтмону бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли қувваи барқ оғоз гардиданд.
Президенти кишвар шахсан ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда, бо муҳити зист, иқлим, роҳ ва имкониятҳои бунёди инфрасохтори зарурӣ аз наздик шинос гардида, вобаста ба шароити маҳал ва мавқеи ҷуғрофӣ барои сохтмони иншооти энергетикӣ дастур медоданд. Ин азму талоши Сарвари давлат буд, ки дар андак муддат дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии иқтидораш миёна шуруъ карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланеругоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020 даҳҳо неругоҳҳои обӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, сохтмони хатти 220 киловолтаи интиқоли неруи барқи “Лолазор – Хатлон” ва неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт мушкилоти таъмини қувваи барқро ба аҳолӣ осон намуданд.
Илова ба ин, бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самараноки неругоҳҳои барқи обии Норак, Сарбанд ва Қайроқум корҳои таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ ба анҷом расонида шуда, айни замон онҳо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда истодаанд.
Бо мақсади аз таъмиру таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, ки солҳои 70-уми асри гузашта сохтаву ба истифода дода шуда буд ва муддати беш аз 40 соли фаъолият таҷҳизоти техникӣ, хусусан агрегатҳояш куҳнаву фарсуда ва таъмирталаб гардида буданд, Лоиҳаи “Барқарорсозии НБО Норак” таҳия гардид, ки муҳлати амали он июни соли 2017 то декабри 2023-ро дар бар мегирад. Арзиши лоиҳаи мазкур 328 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантии Бонки умумиҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи байналмилалии рушд), қарзи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва қарзи Бонки авруосиёгии рушд татбиқ гардида истодааст.
Барои амалӣ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии НБО Сарбанд” бошад, моҳи декабри соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишнома ба имзо расид. Муҳлати амали он то моҳи октябри соли 2022 буда, дар ин давра корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Чунончи ба ҳолати 1 июли соли 2022 дар Неругоҳи барқи обии Сарбанд агрегатҳои 1, 2, 3, 5 ва 6 пурра иваз карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки 20 марти соли 2022 агрегати 3 неругоҳи номбурда бо иштироки Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои таъмиру таҷдид дар дигар қитъаҳо идома доранд.
Неругоҳи барқи обии Қайроққум аз лиҳози фаъолият пурсобиқатарин неругоҳ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, солҳои 1956-1957-ум сохта ба истифода дода шуда буд. Тули беш аз 60 соли фаъолият ва истеҳсоли самараноки қувваи барқ дар неругоҳ зарурати таъмиру таҷдид ва азнавсозии таҷҳизоти техникӣ ба миён омад. Арзиши Лоиҳаи “Таҷдиди НБО Қайроқум” 328 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантии Бонки умумиҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи байналмилалии рушд), қарзи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва қарзи Бонки авруосиёгии рушд татбиқ гардида истодааст.
Арзиши умумии лоиҳа бошад, беш аз 200 миллион доллари ИМА буда, корҳои тармиму таҷдид ва азнавсозӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ба амал бароварда мешаванд. Баамалбарории татбиқи лоиҳа аз соли 2014 то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки баъди анҷоми корҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 126 МВт қаблӣ ба 174 МВт расонида шавад. Аз давраи татбиқи лоиҳа то санаи 1 августи соли 2022 ба маблағи 90 миллион доллари ИМА корҳои таҷдиду азнавсозӣ анҷом дода шуданд.
Бо мақсади дастрасӣ ба қувваи барқ ва осон намудани мушкилоти сокинони ВМКБ татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” ба нақша гирифта шудааст, ки маблағгузории он 59 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин маблағгузорӣ аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ва Бонки рушди Олмон ба амал бароварда мешавад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи сохтмони мазкур бунёди 18 км хатти интиқоли барқи 110 кВт “Себзор-Хоруғ” аз ҷониби ширкати ҶДММ “Помир” ба нақша гирифта шуда, корҳои таҳвили таҷҳизот ва сохтмон оғоз гардиданд.
Бояд таъкид намуд, ки неруи барқ дар рӯзгори одамон, кору фаъолияти муассисаҳо ва идораву корхонаҳо нақши калидӣ дорад, зеро имрӯз бе қувваи барқ наметавон ҳаётро тасаввур кард. Дар шароити кунунӣ тамоми дастгоҳҳое, ки дар хизмати одамон қарор доранд ва техникаву таҷҳизоте, ки мо аз он ҳамарӯза истифода менамоем, бе неруи барқ кореро анҷом дода наметавонанд.
Сарвари давлат чунин моҳияту манфиат доштани қувваи барқро дарк намуда, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият истеҳсол ва истифодаи онро дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар мадди аввал гузоштанд.
Маҳз натиҷаи талошу кӯшишҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат, расидагии саривақтӣ ба мушкилоти мардум буд, ки барои самаранок истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар даврони истиқлолият корҳои назаррасе ба сомон расонида шуданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 274 неругоҳи хурду миёнаи барқи обӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Гарчанде ба таҳкурсии як қатор неругоҳҳои обӣ аз замони Шуравӣ асос гузошта буданд, бо сабабҳои гуногун онҳо мавқуф гузошта шуда буданд. Ин ҷо зарур мешуморем оид ба тарҳу бунёди онҳо маълумот диҳем.
Аз ҷумла, корҳо дар самти таҳияи лоиҳаи техникию иқтисодии НБО “Сангтӯда — 1” ҳанӯз соли 1982 аз ҷониби шуъбаи Осиёимиёнагии Институти “Гидропроект” оғоз гардида буд. Соли 1986 банақшагирии лоиҳаи неругоҳи барқи обии номбурда шуруъ гардид. Вале анҷоми онро интизор нашуда, моҳи августи соли 1987 Раёсати сохтмони “НурекГЭСстрой ” ба корҳои омодагӣ ҷиҳати бунёди неругоҳ оғоз кард.
Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, бинобар сабаби паҳн гардидани буҳрони молиявию иқтисодӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат, сохтмони НБО “Сангтӯда — 1” қатъ гардид, дар ҳоле ки ҳамагӣ 13 фоизи корҳои сохтмонӣ дар ин неругоҳ анҷом дода шуда буд.
Бо гузашти вақт ва ба эътидол омадани вазъият, ҳамзамон бо беҳ гардидани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар, соли 2004 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия созишнома дар бораи сохтмони НБО “Сангтӯда — 1” ба имзо расида, маблағгузории лоиҳаи сохтмони неругоҳро тарафи Россия ба зимма гирифт. Вобаста ба ин, 16 феврали соли 2005 ҶСК НБО “Сангтӯда -1” таъсис дода шуда, 15 апрели ҳамон сол маросими расмии барқароркунии корҳои сохтмонӣ баргузор гардид.
Иқтидори лоиҳавии НБО “Сангтӯда -1”, 670 МВт-ро ташкил дода, бо маблағи умумии 847,5 миллион доллари ИМА, аз ин 635 миллион доллари ИМА саҳми Федератсияи Россия (75 фоиз), саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон 211,9 миллион доллари ИМА (25 фоиз) сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо талошу кӯшишиҳои Сарвари давлат ва меҳнати софдилонаю содиқонаи мутахассисону коргарон 20 январи соли 2008 агрегати якум, 1 июл агрегати дуюм ва 5 ноябри ҳамон сол агрегати сеюм ба истифода дода шуд. Агрегати чоруми ин неругоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев бо ҳузури оммаи васеи коргарону мутахассисон, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳолӣ 31 июли соли 2009 ба таври тантанавӣ ба истифода дода шуд.
Неруи барқи аз ин неругоҳ дар соли 2021 истеҳсолгардида 2 206,8 млрд кВт буда, он 10,7 фоизи неруи барқи дар ҷумҳурӣ тавлидшударо ташкил медиҳад. То моҳи августи соли 2022 ШСХК “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда — 1” 28,5 миллиард кВт соат неруи барқро ба маблағи 616 миллион доллари ИМА харидорӣ кардааст. НБО “Сангтӯда-1” панҷумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба шумор меравад.
Бинобар ҷой доштани имконоти хуби бунёди боз як неругоҳ дар наздикии НБО “Сангтӯда — 1” зарурати сохтмони неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ба миён омад. Зеро он неругоҳи маҷроӣ буда, бе обанбори ғунҷоишаш калон метавонад фаъолият намояд.
Дар доираи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон — кишвари бо мо ҳамзабону ҳамоин ва ҳамфарҳангу тамаддун, бунёди неругоҳи барқи обии “Сангтӯда — 2” бо иқтидори лоиҳавии 220 МВт ба маблағи 318,9 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуд. Саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бунёди ин неругоҳ 278,9 ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод. Санги асос барои бунёди НБО “Сангтӯда — 2” 20 феврали соли 2006 гузошта шуда буд.
Бунёди НБО “Сангтӯда-2” дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии мамлакат боз як рӯйдоди фараҳбахш ба шумор рафта, шароит фароҳам овард, ки аз ҳисоби қувваи барқи истеҳсолшаванда боз чандин корхона ва бинову иншооти соҳаҳои хоҷагии халқ бо барқ таъмин гардад.
Санаи 4 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо машварати корӣ доир намуда, ба масъулини бахши иқтисодиёти ҳукумат оид ба таъмини даромади буҷети давлатӣ, маблағгузории саривақтии соҳаҳои буҷетӣ дастур доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда — 1” ва “Сангтӯда — 2”, сохтмони неругоҳи Нуробод-1 ва Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ҳамчунин бунёди 50 неругоҳи хурди обӣ тезонида шаванд.
Бо заҳмату меҳнати музаффаронаи мутахассисони тоҷику эронӣ дар партави ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ неругоҳи барқи обии “Сангтӯда — 2” низ бунёд гардид.
Таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат 5 сентябри соли 2011 агрегати якум ва 10 сентябри соли 2014 агрегати дуюми он бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Ҳасани Руҳонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба истифода додани неругоҳи барқи “Сангтӯда — 2” ва қувваи барқи истеҳсолшавада шароит фароҳам овард, ки даҳҳо бинову иншооти хизматрасонӣ самаранок фаъолият намуда, норасоии неруи барқ ва маҳдудияти он барои аҳолӣ барҳам дода шавад.
Истеҳсоли қувваи барқи неругоҳи “Сангтӯда — 2” дар соли 2021 ба 784 миллион кВт соат расид, ки он 3,8 фоизи неруи барқи дар ҷумҳурӣ тавлидшударо ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1 августи соли 2022 ШСХК “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда — 2” 7,7 миллиард кВт соат неруи барқро ба маблағи 379,8 миллион доллари ИМА харидорӣ кардааст.
Дар як муддати кӯтоҳ, бо азму талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби сармояи хориҷӣ, якчанд неругоҳи барқи обӣ бунёду ба истифода дода шуданд, ки ба қадри имкон мушкилоти дастрасӣ ба неруи барқро ба аҳолӣ осон намуд.
Бо вуҷуди ин, Сарвари давлати тоҷикон дарк ва эҳсос мекард, ки неруи барқи истеҳсолшаванда барои ҷумҳурӣ ҳанӯз кофӣ нест. Зеро авҷ гирифтани сохтмони корхонаҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои илмию таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангию варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сол аз сол қувваи барқро бештар талаб менамоянд. Бахусус таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ на танҳо дар марказ, балки дар дурдасттарин манотиқи кишвар, бунёди боғу токзорҳо, истеҳсоли нуриҳои маъданӣ, ташкили гармхонаҳо ва обёрӣ кардани ҳазорҳо гектар заминҳо, ки дар онҳо аз неруи барқ фаровон истифода бурда мешавад, дар шароити имрӯз тавассути афзун кардани қувваи барқ рушду инкишоф меёбанд.
Аз ҷониби Сарвари давлат дурнамои Тоҷикистон хеле хуб арзёбӣ мегардад. Зеро захираҳои табиии кишвар, коркарди маъдан ва канданиҳои фоиданок, имкониятҳои зиёди рушди саноату энергетика, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, иқлими мусоид, мардуми заҳматкаш ва бонангу номус кафолати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд.
Тоҷикистон дар минтақа ягона кишваре мебошад, ки барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ шароити хуби табиӣ дорад, зеро ба он релефи кӯҳи, мавқеи ҷойгиршавӣ ва захираҳои фаровони оби дарёҳо мусоидат менамоянд. Аз ҷиҳати манбаъҳои захираи неруи барқ Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ дар ҷойи сеюм меистад. Чунин имконият дар дигар ҷумҳуриҳо мавҷуд нест. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат низ ба он равона гардидааст, то мо бештару беҳтар аз имкониятҳои табиӣ истифода бурда, бо истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза иқтисодиёти мамлакатро тараққӣ ва инкишоф диҳем.
Иқдоми бузургу таърихие, ки аз ҷониби Сарвари давлат мавриди амал қарор гирифт, ин идома додан ба бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” буд. Корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи обии “Роғун” асосан аз соли 2008 оғоз гардиданд. Дар ҳоле ки дар доираи коршиносони байналмилалӣ, бахусус минтақа баҳсу мунозираҳо дар атрофи зарару зиён ва хатари он ба минтақа сухан мерафт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекарданд, ки сохтмони ин иншооти барои миллати тоҷик тақдирсоз ногузир аст.
Аз ҷумла, бархе аз намояндагони воломақом ва коршиносони соҳаи энергетика аз кишварҳои хориҷ сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро ғайриимкон ва амалинашаванда арзёбӣ мекарданд. Қисме онро хатарноку ба муҳити зист зараровар ва гурӯҳе боиси норасоии об ба кишварҳоҳои поёноб медонистанд. Дар умум, аксарият ошкоро изҳор менамуданд, ки Тоҷикистон қудрати сохтмони чунин иншоотро надорад ва талошҳои роҳбарияти давлат барабас меравад.
Вале Сарвари давлат дар ҳамоишу симпозиум ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ бо эътимоду боварӣ таъкид менамуданд, ки бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” баръакс на танҳо барои Тоҷикистон, инчунин, барои кишварҳои минтақа манфиатовар аст. Чунончӣ, зимни сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон, Сарвари давлат бо асосу далелҳои қотеъ ва боварибахш воқеият надоштани овозаҳоро оид ба хатари неругоҳ изҳор намуданд. Ҳамзамон, таъкид намуданд: “Тоҷикистон ҳамеша манфиати кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо бархилофи ин манфиатҳо нестанд. Баръакс бо татбиқи ин лоиҳаҳо на танҳо минтақаро метавон бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд, балки шароити дастрасӣ ба обро беҳтар кард, зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиш ёфтани партови газҳо ба атмосфера мусоидат мекунад”.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо дарназардошти масъулияти баланд, ҳамчун роҳбари созмони бонуфузтарини ҷаҳон ва дарки аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон омодагии ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони масоили энергетикиро барои баррасии амалӣ намудани тарҳи сохтмони ин неругоҳ изҳор намуд.
Мавсуф аз ҷумла қайд намуд: “Мо аҳамияти неругоҳи Роғунро барои Тоҷикистон хуб мефаҳем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем. Мардум бояд ба неруи барқ дастрасии кофӣ дошта бошад”.
Бо вуҷуди мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ, буҳрони молиявӣ ва мухолифати кишварҳои минтақа роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки неругоҳи барқи обии “Роғун” бояд сохта шавад.
Таъкидҳои пайваста ва асосу далелҳои муътамад оид ба устуворию мустаҳкамии баландтарин сарбанд, ҳамзамон, аҳамияти бунёди ин неругоҳ дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон ва минтақа дар охир самараи нек овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои сиёсию иқтисодии кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои обиву энергетикии Тоҷикистон чунин изҳор намуда буданд: “Мардуми Тоҷикистон, ки яке аз қадимтарин халқҳои ин марзу бум аст, дар давоми асрҳо бо ҳамсояҳои худ дар оромиву осоиш ва муросову мадоро зиндагӣ кардааст ва мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт”.
Амалӣ гардидани тарҳи мазкур дар баробари қонеъ сохтани эҳтиёҷоти дохилӣ, инчунин, интиқоли қувваи барқро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Покистон таъмин менамояд.
Яке аз лоиҳаҳое, ки дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, ин ба амал баровардани тарҳи хатти интиқоли барқи CASA-1000, яъне бунёди хатти 500-киловотаи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон мебошад, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад.
Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, барои ду кишвари ҳамсояву ҳамфарҳанг ва ҳамдину оин омили асосии рушду тарққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ мегардад. Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хориҷии худ ҳамеша омодагии худро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба ба мардуми афғон, ки солҳои зиёд бар асари ҷангу муноқишаҳои дохилӣ ранҷ мекашанд, изҳор менамуд. Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири иқтисоди ин кишвар 17 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлати тоҷикон изҳор намуданд: “Дар чанд соли охир роҳу усулҳои равобити Тоҷикистону Афғонистон ба куллӣ такмил ёфта, соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд тавсеаи бештар пайдо карданд ва мо умедвор аз онем, ки ҳар ду ҷониб дар оянда низ барои рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ талоши бештаре менамоянд”.
Ҳарчанд дар бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” мушкилиҳои зиёде пеш омаданд, азму иродаи қавии Пешвои миллат монеаҳоро шикаста, ба мардуми баору номус ва сарбаланди Тоҷикистон муяссар гардид, ки ин неругоҳ бунёд карда шавад.
Барои сохтмони ин неругоҳи барқи обӣ маблағҳои калон зарур буд. Ҳарчанд як қатор ширкатҳои бонуфузи давлатҳои пешрафта ташаббус нишон дода, сохтмони НБО-и “Роғун”-ро ба уҳда гирифта бошанд ҳам, вале баъдан бо таъсиру дахолати баъзе кишварҳо баланд будани дарғоту хатар доштани онро сабаб оварда, аз сохтмони он даст кашиданд.
Дурнамои сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, донишу фарҳанги баланд, таҷрибаи ҳаёт ва маҳорату малакаи баланди касбӣ, талошҳои зиёду пайвастаи Пешвои миллат манфиатовар будани сохтмони ин неругоҳро аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ба ҷаҳониён собит намуд ва бо гузаронидани ташхиси байналмилалӣ устувор будани сохтмони он ниҳоят тасдиқи худро ёфт.
Идомаи сохтмони ин иншооти бузурги аср маҳз ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. НБО-и “Роғун” нуҳумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, тақрибан 70 км болотар аз НБО Норак сохта шуда истодааст. “Роғун” калонтарин неругоҳ ба ҳисоб рафта, тавоноияш аз иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии Норак якуним маротиба зиёд аст. Баландии сарбанди он 335 метр буда, дорои 6 агрегат ва иқтидори лоиҳавияш 3600 мегаватт соат мебошад. Неругоҳ тавре бунёд гашта истодааст, ки ба замимнҷунбии то 9 балл тобовар аст. Он дар як сол ба миқдори 17,3 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол менамояд.
Майдони обанбор 170 км мураббаъ буда, ҳаҷми ғунҷоиши об 10,3 км3 ва дарозии нақбҳо беш аз 70 км мебошад. Бартарӣ ва афзалияти ин неругоҳ аз дигар неругоҳҳо дар он зоҳир мегардад, ки толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо дар зери замин бунёд карда мешавад. Корҳои сохтмонии сарбанди 335-метра ба зиммаи ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило”, ки ғолиби тендери байналмилалӣ гардида буд, вогузор карда шудааст.
Сохтмони НБО-и “Роғун” ҳанӯз нимаи солҳои 60-уми асри гузашта тарҳрезӣ гардида буд. Роҳбарияти Иттиҳоди Шуравӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат ва беҳдошти шароити зиндагӣ тасмим гирифт, ки дар дарёи Вахш бунёди силсиланеругоҳҳоро ба роҳ монад. Бо ин мақсад соли 1965 аз тарафи коршиносон тадқиқоти техникӣ-иқтисодии сарбанди неругоҳ оғоз гардид. Моҳи сентябри соли 1976 сохтмончиён дар ин неругоҳ ба корҳои аввалия оғоз карданд. Ба корҳои асосӣ, ки асосан дар зери замин анҷом дода мешуд, соли 1982 шуруъ карда шуд. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, агрегати аввалини ин неругоҳ мебоист соли 1990 ба истифода дода мешуд. Вале аз сабаби фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва қатъ гардидани маблағгузорӣ ва ҳамзамон ҷангу муноқишаҳои дохилӣ, сохтмони ин неругоҳи ҳаётан муҳим ба анҷом нарасид. Бар асари боридани боронҳои селовар ва беназоратию бетавҷҷуҳии масъулин роҳу нақбҳо харобу валангор, таҷҳизоти техникӣ аз боду борон ва зери ҳавои кушод корношоям ва қисман рабуда шуданд, мутахассисону коргарон пароканда гардиданд. Ҳама ин номусоидиҳо, носозгориҳо ва омилҳои сиёсиву иқтисодӣ боис шуд, сохтмони НОБ-и “Роғун” қатъ гардад.
Мушкилоти норасоии қувваи барқ, хусусан дар фасли зимистон, бараъло эҳсос мегардид. Баъди барқарории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, болоравии сатҳи иқтисодиёт ва некуаҳволии аҳолӣ соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доданд, ки сохтмони НОБ-и “Роғун” аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ аз нав эҳё карда шавад. Вобаста ба ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва дар ин замина Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии “Роғун” бо саҳмдории асосии Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2008 барои бунёди ин сохтмони аср 2780 нафар мутахассис ва коргар сафарбар гардиданд. Тули солҳои минбаъда бо мақсади ҳарчи тезтар тезонидани суръати сохтмон шумораи коргарон сол аз сол афзуда, аз 5615 нафари соли 2010 дар соли 2015 ба 11423 ва соли 2018, яъне дар арафаи ба истифода додани агрегати якуми неругоҳ ба 21268 нафар расонида шуд.
Яке аз роҳҳои пешбурд ва рушду инкишофи саноат, иқтисодиёт ва соҳаи кишоварзӣ ин ҷалби сармоя, воридоти технологияи муосир ва мутахассисони хориҷӣ ба шумор меравад.
5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро ҷабҳаи нангу номус номида, аз мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки саҳми худро дар бунёди неругоҳ гузоранд. Ин даъват ба хотири ҳарчи тезтар суръат бахшидан ва анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург буд.
Даъвати Сарвари давлат аз ҷониби аҳолии кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ гарму ҷӯшон пазироӣ гардид, зеро онҳо хуб дарк карданд, ки рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон, бунёди калонтарин неругоҳ дар минтақа кафолати пешрафту тараққиёт, тавонмандӣ, болоравии некуаҳволии халқ, зиндагии шоиста ва ободу гул-гулшукуфии Ватан мегардад.
Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввал ҳисси миллатдӯстиву ватанпарварӣ ва садоқат ба давлату ҳукумат сокинони мамлакат, хурду калонро водор намуд, ки зери парчами Тоҷикистон саф ороста, бо раҳпаймоӣ ва ҷамъомаду баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ҳамовозӣ ва дастгирии худро аз ин иқдоми Сарвари давлат изҳор намоянд. Дар як муддати кӯтоҳ ба маблағи беш аз 804 миллион сомонӣ саҳмияҳои неругоҳи барқи обии “Роғун” аз тарафи шаҳрвандон харидорӣ гардиданд.
Ин ҳиссаи сокинони бонангу номуси диёр ва ҳамватанони бурунмарзӣ як армуғон ва илтифоти самимонае дар бунёду ба истифода додани НОБ-и “Роғун” мебошад.
Бо саҳмгузорӣ ва талошҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ҳамарӯза корҳои зиёде ҷиҳати ҳарчи тезтар ба истифода додани агрегатҳо анҷом дода мешуданд.
Хушбахтона, дар ин ҷода, бахусус бо татбиқи сиёсати берунаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик шароит фароҳам омад, ки дар солҳои охир бо ҷалби сармоя ва кумаки мутахассисони хориҷӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи энергетика ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Имрӯз ин раванд дар ҷараёни сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” бараъло ба мушоҳида мерасад. Дар ин иншооти бузург дар баробари ширкатҳои ватанӣ, инчунин ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда, дар раванди таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои дӯстона саҳми худро мегузоранд. Аз соли 2018 дар бунёди неругоҳ 43 ширкати ватанӣ ва 19 ширкати хориҷӣ иштирок менамоянд. Баъд аз таҳкими иншоот, ба ЛОТ-ҳо ва ЛОТ-менҳо вобаста гардидани ҳаҷми корҳо имрӯз дар раванди корҳои сохтмонии неругоҳи барқи обии “Роғун” 45 ташкилоту муассисаи лоиҳакашию сохтмонӣ фаъолият мекунанд, ки аз он 35-тояш ватанӣ ва 11 ташкилоту муассиса аз кишварҳои хориҷ мебошанд.
Айни замон дар ин сохтмони аср беш аз 22 ҳазор нафар коргарону мутахассисон бо истифодаи 3600 мошину механизм самаранок кор карда истодаанд, ки 90 фоизи онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки насби таҷҳизоти техникӣ дар толори мошинҳо ва бандубасти таҷҳизоти гидрогенератори агрегати №6 аз ҷониби мутахассисони Консорсиуми байналмилалӣ – корхонаи давлатии “Заводи Электрояжмаш” ва ширкати “ДнепрСГЭМ”-и Ҷумҳурии Украина ва мутахассисони ширкати “ТоҷикСГЭМ” ба амал бароварда шуд, ки имрӯз қувваи барқ тавлид мекунад.
Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо боварии комил метавон сохтмони байналмилалӣ номид. Дар таърихи Тоҷикистони навин бори аввал чунин шумораи зиёди коргарону мутахассисон аз хориҷи кишвар дар ин иншоот ба кор ҷалб карда шуданд. Чунончи дар он намояндагони кишварҳои Россия, Украина, Молдова, Грузия, Хитой, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Италия, Британияи Кабир, Франсия, Непал, Аргентина, Миср, Эфиопия, Малайзия, Филиппин, Марокко, Нигерия, Камерун, Португалия, Бразилия, Перу, Сербия, Колумбия, Намибия, Чили, Зимбабве, Панама ва ғайра ширкат доранд.
29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд. Ин амал бевосита таҳти роҳбарӣ ва ширкати бевоситаи Сарвари давлат бо булдозер анҷом дода шуд.
Азму иродаи қавӣ, устуворӣ дар мавқеи хеш ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат имкон дод, ки барои ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии сокинони мамлакат ва нангу номуси ватандорӣ баъди анҷом додани як қатор корҳои сохтмонӣ аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода шавад.
Дар ин чорабинии тантанавӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои зарин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад”.
Он рӯз ин ҷамъомади тантанавӣ ва ҷараёни ба истифода додани аввалин агрегати неругоҳи барқи обии “Роғун” ба воситаи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиои ватаниву хориҷӣ ба таври мустақим пахш гардид. Рафти баргузории ҷамъомади тантанивиро зиёда аз 200 нафар рӯзноманигори аз шабакаҳои машҳури ҷаҳон, агентиҳои иттилоотии бонуфузи дунё ба таври васеъ инъикос карданд.
Баъди ба истифода додани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” аҳли зиё, сокинони кишвар, намояндагони касбу кори гуногун таассуроти худро тавассути радиову телевизион баён намуда, бо эҳсоси баланди садоқат ба давлату миллат ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлолият дарк карданд, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар андешаву ақидаи худ устувор буда, ояндаи дурахшони сокинони кишварро таъмин ва Тоҷикистонро ба як кишвари мутараққӣ ва аз лиҳози саноату энергетика, кишоварзӣ ва илму фарҳанг пешрафта табдил медиҳанд.
Дар ин радиф намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ аз ин рӯйдоди таърихӣ дар канор набуданд. Онҳо низ дастоварду комёбиҳои кишвари моро гарму ҷушон истиқбол намуданд. Аз ҷумла, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер дар робита ба ин иброз дошт: “Ба кор андохтани аввалин агрегати неругоҳи барқи обии “Роғун” барои рушду нумуи гидроэнергетика дар Тоҷикистон марҳалаи муҳиме ба шумор меравад. Имсол Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 25-солагии ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои байниҳамдигариро таҷлил мекунанд. Тайи ин муддат Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,4 миллиард доллари ИМА қарзҳои бебозгашт додааст”.
Муовини вазири корҳои хориҷии Италия Манлио ди Стефано дар ин маврид чунин қайд кард: “Роғун ин шаҳомати усули фанофарӣ дар мутобиқат бо ҳалли мушкилоти мураккаби муҳандисию техникист. Эҳсоси ифтихор мекунам, ки мо дар назди дастоварди бузурги инсонӣ ва технологӣ–сарбанди Роғун, ки бо баландии 335 метр дар дунё аз ҳама бузургтарин хоҳад буд, қарор дорем”.
Ҳамзамон, рӯзи 17 ноябри соли 2018 дар Наврӯзгоҳи пойтахт зимни суханронӣ ба муносибати оғози кори аввалин агрегати неругоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони кишварро бо ин санаи фархунда табрик намуда, аз ҷумла изҳор доштанд: “Роғун манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обурӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад”.
Дар баробари ба кор андохтани аввалин агрегати неругоҳ, дар ин давра хатти интиқоли барқи 500 киловаттаи “Роғун-Душанбе” пурра сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 киловаттаи “Роғун-Душанбе” дар заминаи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВт дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ гардида, арзиши умумии тарҳи мазкур 650 миллион сомонӣ мебошад.
Ба истифода додани аввалин агрегати неругоҳи барқи обии “Роғун” коргарони ин неругоҳро руҳу илҳоми тоза бахшид. Меҳнати фидокоронаи онҳо имкон дод, ки дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми НБО-и “Роғун” мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳанӯз аз замони оғози сохтмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди НБО-и “Роғун”-ро “Кохи нури Тоҷикистон” ва “ҳаёту мамоти мардуми тоҷик” номида буданд.
Аз оғоз то имрӯз (июли соли 2022) бо мақсади шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат 14 маротиба аз ин неругоҳ дидан карданд. Дар ҳар сафар аз наздик бо коргарону мутахассисон вохӯрда, бо шароити моддию маишӣ ва кору фаъолият шинос ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии онҳо аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ дастуру супоришҳо медоданд. Бахусус, таъкид мекарданд: “Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи барқи обии “Роғун” барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад. Ин неругоҳ бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад”
Як қатор шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла сафирони Амрико, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Италия дар Тоҷикистон, намояндаи расмии ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило” бо роҳбарии Пиетро Салини, гурӯҳи намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, як гурӯҳ сармоягузорон ва мутахассисони заводи алюмини Ҷумҳурии Халқии Хитой, намояндагони ширкатҳои ”Сиеменс” ва “СМЕС”-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор, роҳбарияти Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар, мудири иҷроияи ширкати энергетикии “Небрас”, намояндагони ширкати “Voith Hydro”-и давлати Австрия, ҳайати намояндагии ширкати “Русатом”, директори генералии Бонки рушди Осиё, раиси Раёсати Бонки Авруосиёии рушд ва даҳҳо нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Гурҷистон, Украина, Франсия ва ғайра ба НБО-и “Роғун” ташриф оварда, онро манбаи рушду тараққиёт ва ифтихори мардуми Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Сохтмони навбати аввали неругоҳи барқи обии “Роғун” ба анҷом расида, ду агрегати муваққатӣ бо иқтидори 260 МВт (ҳар кадоме 130 МВт) мавриди истифода қарор дода шудаанд. То санаи 19 августи соли 2022 гидроагрегати №6 ва №5 ба миқдори беш аз 4 миллиарду 719 миллиону 847 ҳазор кВТ неруи барқ истеҳсол намуданд. Маблағи неруи барқи содиршуда аз оғози ба кор сар кардани неругоҳ, яъне аз 16 ноябри соли 2018 то 19 августи соли 2022 зиёда аз 1 миллиарду 89 миллиону 539 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз оғози корҳо то ба истифода додани агрегатҳои 1 ва 2 Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳисоби буҷети давлат сохтмони мазкур 24 миллиард сомонӣ ва то санаи 22 августи соли 2022 37,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Бо мақсади татбиқи лоиҳа, таҳвил, васлу насб ва ба истифода супоридани агрегатҳои №1-4 бо таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон, инчунин ивази чархҳои кории муваққатии агрегатҳои №6 ва №5 санаи 30 январи соли 2021 бо ширкати “Voith Hydro”-и давлати Австрия қарордод ба имзо расонида шуд.
Маҳз диловарию шуҷоат, меҳнати самаранок ва ҳамкориҳои судманди ширкатҳои ватанию хориҷӣ буд, ки афсона ба ҳақиқат мубаддал шуд. Яъне, неругоҳе, ки қариб 40 сол танҳо бо ном ва дар харита ҷой дошт, фаъолият намекард, ба арсаи меҳнат, корзор, майдони нангу номус ва ифтихори тоҷику тоҷикистониён тадил ёфт.
Барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди неругоҳ садҳо нафар коргарону мутахассисон бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордени “Шараф”, медали “Хизмати шоиста” ва ифтихорномаи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.
Аз тарафи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳдошти шароити моддию маишӣ, алалхусус таъминот бо маводи ғизоӣ, сару либос, нақлиёт, ҷойи хоб, истироҳату фароғат, пардохти саривақтии маош ва кору фаъолияти коргарону мутахассисон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Имрӯз дар мавзеи сохтмони неругоҳ беш аз 20 хобгоҳи хурду калон мавҷуд аст, ки онҳо бо тамоми лавозимоту шароити зарурӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Ошхонаи замонавӣ дар ду баст бо чор вақт хӯроки гарм барои коргарон хизмат менамояд. Инчунин, 5 маркази савдо ва як дӯкони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 4 нонвойхона, 2 сехи хлебпазӣ, як ошхонаи худхизматрасонӣ ва сартарошхона фаъолият менамоянд.
Тибқи роҳхат, коргарони ин шоҳкории аср ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ, аз қабили “Баҳористон”, “Шоҳамбарӣ”, “Зумрад”, “Гармчашма”, “Хоҷа Оби гарм” сафарбар карда мешаванд.
Бо мақсади истироҳату фароғати фарзандони сохтмончиён дар мавсими таътил онҳо ба истироҳатгоҳҳои тобистона фиристода мешаванд. Ба кормандони эҳтиёҷманд ва дар ҳолати осеби истеҳсолӣ бардоштан, сари вақт мунтазам ба онҳо кумакпулӣ расонида мешавад.
Ҳама ин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он равона гардидааст, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вазифаи бузургу таърихӣ ва пурифтихор – сохтмони НБО-и “Роғун”-ро ба анҷом расонида, ба ҷаҳониён собит намоянд, ки миллати тоҷик созандаву бунёдкор, фарҳангдӯсту тамаддунпарвар ва ташаббускору сулҳофар мебошад.
Воқеан, ин дастоварди таърихӣ иқтидору тавоноии кишвари моро собит намуда, ба ҷомеаи ҷаҳон нишон дод, ки Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар қатори давлатҳои пешрафтаву мутараққӣ қарор гирад.
НОБ-и “Роғун” имрӯз ва дар оянда низ, ҳамчун калонтарин иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон ва минтақа боқӣ мемонад.
Ин иншооти бузурги аср тавоноӣ ва иқтидори зиёди истеҳсоли қувваи барқро дорад. Дар сурати пурра ба истифода додани НБО-и Роғун мо на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ месозем, балки шароит фароҳам меояд, то талаботи кишварҳои ҳамсоя: Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоем.
Чӣ тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” ба шумор рафта, 98 фоизи неруи барқи он тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд ва аз ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ва таҷдидшавандаи энергия кишвари мо дар қатори 6 кишвари ҷаҳон қарор дорад.
Истифодаи самарабахши неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз стратегияҳои муҳимми сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои ҳалли он роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ талошу кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Бо ифтихори зиёд метавон таъкид намуд, ки оғози корҳои барқарорсозӣ дар НБО-и “Роғун”, таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии Норак, Сарбанд ва Қайроқум, мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии “Сантӯда — 1”, “Сангтӯда — 2”, Помир — 1, неругоҳи барқи оби “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2, зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи “Душанбе”, “Суғд”, хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 200 ва 500 киловолта дар Неругоҳи барқи обии Норак, зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран — 2”, хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроқум-Суғд”, “Айнӣ -Рӯдакӣ”, татбиқи лоиҳаи “КАСА-1000” бузургтарин комёбиҳои Ҷумҳури Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мераванд.
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ бе сабаб аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор нагирифтааст. Зеро бе истеҳсоли неруи барқ наметавон рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро таъмин намуд. Фаъолияти муназзами корхонаҳои истеҳсолӣ ба неруи барқи доимӣ вобастагии зиёд доранд.
Истеъдоди фавқулода, қобилияти хуби роҳбарӣ, андешаронии амиқ, фазилатҳои олӣ ва ақлу заковати баланди Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ қарор дошт. Суханрониҳои Сарвари давлат аз минбарҳои баланди ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, иқдому ташаббусҳои созандаву манфиатовар, масъалагузорӣ дар ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра дар зеҳни сарварони кишварҳои ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як сиёсатшиноси барҷаста, муаррифгари таъриху адабиёт ва илму фарҳанг, эҳёгари таъриху тамаддуни ҳазорсола, сулҳофару хайрхоҳ, ташаббускору созанда ва бунёдкор ҷой кардааст.
Пешвои миллат бо чунин хислатҳои арзандаву писандида мақбули ҳамагон ва дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин мавқеъ ва манзалати хосро соҳиб гардиданд. Ҳамзамон, аз тарафи роҳбарони давлатҳо ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун маҳбубият ва эҳтироми зиёдро сазовор шудаанд.
Имрӯз дар ҳар минтақаву мавзеъ ва макону ҷой бо дастовардҳои даврони истиқлол, ки маҳз бо азму талош ва хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд, рӯ ба рӯ мешавем. Беш аз ҳама аз ин моро ҳисси ифтихору шодмонӣ фаро мегирад ва шукргузорӣ мекунем, ки Офаридгор чунин фарзанди фарзона, шахсиятеро ба миллати тоҷик ато намуд, ки қалбу вуҷудаш саршор аз муҳаббату самимият, хайру сафо, лутфу каромот ва эътимоду эътиқод ба фардои дурахшон мебошад.
Боварию эътимоди Сарвари давлат, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардид, ки новобаста аз мушкилоту вазниниҳои солҳои аввали даврони истиқлол, фалаҷ гардидани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, бесарусомониҳо дар рӯзгори мардум, ки аксарият дар андешаи зинда мондану пайдо кардани ризқу рӯзӣ буданд, роҳбари ҷавону умедбахш қарору қонунҳоеро қабул намуд, ки барои пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, таҳкими суботу оромӣ, волоияти қонун ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мусоидат карданд.
Сокинони Тоҷикистон аз хурд то калон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндасози давлату миллат, эҳёгари таъриху тамаддун, бунёдкору созанда, хайрхоҳу ғамхори корафтодагон ва маҳбуби ҳар хонадонро мебинанд. Маҳз чунин рисолату фазилатҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳар кору иқдоме, ки пеш мегиранд бо хости Худо ва азму талоши мардуми бонангу номус хеле содаву равон, зебо ва бо шукуҳу шаҳомати хоса амалӣ мегарданд.
Воқеан, боварии Пешвои муаззами миллат ба созандагии мардуми тоҷик ва пайравии шаҳрвандон аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат буд, ки Шоҳкори аср – Кохи нур, алорағми ҳама монеагузориҳову мушкилэҷодкуниҳо, бунёд ёфт ва имрӯз аз файзи нури он ҳама баҳравар гашта истодаанд.
Аламшозода А. А.
муовини якуми Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия