Имрӯз мардуми кишвари азизи мо ҳафтодумин солгарди зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҷлил менамоянд. Зодрӯзи шахсеро, ки бо гузоштани қадами муборакаш дар соҳаи сиёсат ва идораи давлат, сарнавишти кишвари моро ба куллӣ тағйир дод ва тавонист, ки ба кишвари ҷангзада ва ба вартаи бало афтодаи мо дар як муддати кӯтоҳ сулҳ биёрад ва муҳимтар аз ҳама, тавонист, ки моҳирона ва сарбаландона тамомияту якпорчагии арзии кишвари моро ҳифз ва таъмин намояд.
Дар замоне ки Эмомалӣ Раҳмон мехост нахустин қадамҳояшро ба саҳнаи сиёсати калон бигузорад ва роҳбарии ҳокимияти марказиро бар зимма бигирад, Тоҷикистон бар асари ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, аллакай дар вартаи нобудӣ афтода буд! Бисёриҳо ба қавле, ба сарнавишти бади худ “итоат” намуда, далели аз ҳам пошидану пора – пора гаштани кишвари азизамонро қабул карда буданд ва муболиға нест, агар бигӯем, ки шикасти миллатро аллакай пазируфта буданд!
Ёд дорам, вақте, ки равобити байни шимолу марказ гусаста шуда буд ва силоҳдорон корвонҳои мошинҳои аз шимол меомадаро ғорат мекарданд, муддате сокинони қисмати шимоли ҷумҳурӣ ба унвони эътирози дастҷамъӣ дар муомилаҳои тиҷоратии худ аз пули миллии сомонӣ истифода намекарданд. Дар Хуҷанд он солҳо фақат рубл ва сом эътибори воқеӣ доштанд! Ин маънии онро дорад, ки иддае минтақаи худро аз қаламрави Тоҷикистон берун тасаввур мекарданд. Дар мавриди Бадахшон ҳам борҳо аз ҷониби қумандонҳо шиорҳои ҷудоиталабона ба гӯш мерасид, ки мехостанд аз мо қатъи равобит намуда, ба кишварҳои дигар пайванданд! Инҳо фактҳое ҳастанд, ки воқеияти аслии авзои сиёсиву идеологии онвақтаи кишвари моро таҷассум менамуданд!
Дар ҳамин гуна як фазои ноорому дар як кишвари даргири ҷанги бемаънии бародаркушӣ яку якбора фаро расидани сулҳу суботу оромӣ, воқеан мӯҷизае ҳаст, ки сабабгори он фақат ақли солим ва иродаи мустаҳками роҳбари тозақадами вақт Эмомалӣ Раҳмон мебошад!
Ончуноне, ки коршиносону сиёсатмадорони тамоми олам борҳо изҳор намудаанд; “Дар миёни кишварҳои пасоншӯравӣ фақат дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дар кӯтоҳтарин муддат бо имзои Созишномаи сулҳ ба анҷом расидааст”.
Ҳамакнун беш аз 25 сол аст, ки мардум дар фазои сулҳ зиндагии осуда доранд! Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар донишгоҳу пажуҳишгоҳҳои маъруфи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва таҷрибабардорӣ қарор додаанд…
Мусаллам аст, ки сулҳи тоҷикон натиҷаи хирад ва иродаи мустаҳкам мебошад. Вале ин муваффақият, пеш аз ҳама, маҳсул ва самари роҳбариву раҳнамойии хирадмандонаи роҳбари тоҷикон аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ҳам мардум ва ҳам тарафҳои даргир аз он ҷонибдорӣ намуданд ва ба дастовардҳои дилхоҳ ноил гардиданд!
Дар ин рӯзи мубораки ҷашни ҳафтодсолагии Пешвои миллат агар мо аз муҳимтарин корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллати худ ёдоварӣ накунем ва қадрдонӣ нанамоем, ҳадди ақал, ин аз ҷониби мо як навъ носипосӣ хоҳад буд! Бояд аз рӯи адолат баҳо дод, ки танҳо факти дар замони даргириҳои мусаллаҳонаи мудҳиш, дар мавриди амнияти шахсии хеш заррае наандешида, борҳо дар ҷустуҷӯи сулҳ ба Бадахшону Афғонистон сафар намуда, ҳамватанонро, яъне тарафи муқобили қазияро ба оғӯш гирифта, таблиғу тарвиҷи сулҳу осоиш намудан, магар ҳамин қаҳрамонӣ нест? Ин корро танҳо касе метавонад анҷом бидиҳад, ки фидоии Ватану халқу миллати худ аст.
Қаҳрамониҳои дигари ин фарзанди фарзонаи миллатро, ки дигар роҳбарони кишварҳои ҷангдида накардаанд ва натавонистаанд бикунанд, агар номбар намоем, дар дастонамон ангушт камӣ мекунад… Масъалан, баъди эълони оташбас ва сулҳ, тамоми қумандонони мусаллаҳ, ки аллакай ба ҳаллу фасли масоил аз тариқи силоҳ одат карда буданд, ба сохторҳои қудратӣ интиқол ёфтанд ва ба курсиҳои роҳбариву вакилӣ нишаста буданд ва кӯшиш мекарданд, ки манофеи гуруҳиву иродаи шахсии худро ба давлату миллат таҳмил намоянд!
Барои безарар ва барканор намудани он худхоҳону комҷӯён ақлу хираду малакаву таҷрибае лозим буд, ки дар тасаввури касе намеғунҷид! Ҳама гумон мекарданд, ки акнун миллат ғуломи ҳалқабагӯши қумандонҳои зӯргӯ хоҳад шуд! Ин тадбирро фақат хиради волои Пешвои миллат тавонист анҷом диҳад! Тадбири он шахсияте, ки манфиятҳои дастҷамъийи халқу миллатро аз манофеи тамоми гуруҳу ақвом метавонад болотар гузорад.
Дар нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бар иловаи ҷанги хонумонсӯз кишвари моро балоҳои зиёди дигар таҳдид мекарданд. Инҳо, дучор шудан ба буҳрони иқтисодиву каммуникатсионӣ, камбуди маҳсулоти озуқаворӣ, камбуди барқ ва ғайраву ғайра… Аксари сиёсатмадорони вақти кишварҳои ҳамсоя роҳҳоро ба рӯи мо баста буданд ва мехостанд, ки иқтисоди кишвари мо аз ҳам бипошад ва мардуми моро бо ин роҳ ба зону дарбиёранд! Ва то ҷое гӯё, ки муваффақ ҳам шуда истода буданд!
Пешвои миллат бо ақли солиму хиради модарзоди худ ва бо заҳматҳои камаршикани шабонарӯзӣ, тавонист, ки бо кушодани роҳҳову бунёди нақбҳо дар минтақае, ки дар тамоми ҳафтод соли аҳди Шӯравӣ муяссар нашуда буд, бо вуҷуди релефи вижаи мушкилотбори он минтақа, нақбҳо бисозанд, мӯъҷиза офарад (экспертҳои разведогеологии шӯравӣ ба хулосае омада буданд, ки дар кӯҳдомани Уштургардан сохтани нақби Анзоб, ки имрӯз “Истиқлол” номгузорӣ шудааст, аз имкон берун аст, зеро хароҷоти он нисбат ба шароити нақбҳои маъмулӣ даҳҳо маротиба гаронтар ва вазнинтар хоҳад буд). Ин нақб сохта шуд ва ҷодаи наҷотбахши Шимол – Марказ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Далели аз ҳама равшантару бурҳони аз ҳама қотеътар – ин сохтмони бомуваффақияти НБО-и “Роғун” аст, ин имрӯз ҳам босуръат идома дорад ва қарор аст, кишвари моро ба бузургтарин тавлидкунандаи неруи сабз дар минтақа мубаддал намояд ва ё ҳадди ақал, роҳи моро барои расидан ба ин ҳадафи бузург софу ҳамвор созад. Ин сохтмони аср, ки дар тамоми замони шӯравӣ, ҳама вақт бо сабабҳои мухталиф ба таъхир меафтод, дар замони истиқлолият ҳам бар сари кишвари мо мушкилоте оварда буд. Кишварҳои поёноб, бо иддаои ин ки гӯё “сохтмони ин неругоҳ хатари зеёде барои минтақа хоҳад овард”, тамоми созмонҳои байналмилалиро дар атрофи ин масъала муттаҳид намуда, ба роҳбарияти кишвари мо барои идомаи ин сохтмони барои халқу миллатамон ниҳоят муҳим фишор меоварданд.
Одилона бояд иқрор шуд, ки бо роҳи дипломатияи хирадмандонаву оқилона ва аз нигоҳи илмӣ ба тамоми ҷаҳон собит намудани он нукта, ки ин сару садоҳо асоси илмиву мантиқӣ надоранд, ба ҷуз як қаҳрамонии навбатӣ чизи дигаре нест! Ин қаҳрамониро ҳам дипломатияи борикбаёни Ҷаноби Олӣ тавонист, ки ба анҷом расонад. Тоза, далели ташвиқ намудани иштироки бонуфузтарин институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, ҷалб намудани сармояи лозима барои идомаву анҷоми он сохтмони сарнавиштсоз, боз ҳам дастовардҳои як дипломатияи хакимонаву нозуке ҳаст, ки маҳсули заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллати мо мебошад. Барномаи стратегии Пешвои миллат дар самти бунёди ҳарчи бештари неругоҳҳои барқи обӣ, бо дарназардошти потенсиали беканори табиати кишварамон дар ин соҳа, ҷамҳурии моро дар ояндаи наздик ба қавитарин содиркунандагони неруи сабзи минтақа мубаддал хоҳад намуд.
Нуктаи хирадмандонаи сиёсати Пешвои миллат — ин дар заминаи арзишҳои миллӣ ва бо дарназардошти ториху тамаддуни оламшумули ориёии мо созмон додани идеологияи миллии созандаву таҳаммулпазири имрӯза мебошад. Аҷдодони гузаштаи ориёиасли тоҷикон барои тамаддуни инсоният хидматҳои оламшумуле кардаанд ва наслҳои ояндаи мо низ ин амри хайрро идома хоҳанд дод.
Яке аз вазифаҳои мубраме, ки дар солҳои охир дар муқобили сиёсатмадорону давлатмардони Тоҷикистон меистод, ин пайдо намудани роҳкорҳои дурусту оқилона дар шароити нооромиҳову бесуботиҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар солҳои охир маҳсуб меёфт. Бо сар задани бӯҳронҳои сиёсӣ ва мушкилоти геополитикӣ ва ҳамчунин, даргириҳои мусаллаҳона дар гӯшаву канори олам, қувваҳое буданд, ки барои ноором сохтани авзои кишвари мо ҳам дасисаҳо ба кор андохтанд. Ин нооромиҳои минтақаи Бадахшон ва даргириҳои мусаллаҳона дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон буд. Сиёсати Ҷаноби Олӣ дар ҳама маврид яккаву ягона буд ва ҳаст! Бо ҳар тариқе бошад, барқарор сохтани суботу оромӣ, таъмини якпорчагии кишвар ва дифоъ аз манофеъи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон.
Мардуми бошарафи Бадахшон аз ин сиёсат пуштибонӣ карданд. Ҳозиримом — Шокарим Оғохони 1V дар муроҷиати расмияш ба мардуми шарифи Бадахшон аз муридони худ тақозо намуд, ки ҳамеша бо сиёсати давлату ҳукумати кишварашон содиқ бимонанд. Дасисасозиҳои бадхоҳони миллат ба ҷое нарасид, ҷудоиталабон ноком гардиданд ва имрӯз мардуми Бадахшон, ки аз зери сарпарастии олами ҷиноӣ раҳо гардидаанд, бо кӯмаку пуштибонии давлат саргарми барқарорсозии иқтисодӣ ва бунёдкориҳову созандагиҳо мебошанд.
Вақте ки тири бадхоҳони миллати мо дар Бадахшон хок хӯрд, фавран дар марзи қирғизу тоҷик идомаи он дасисаҳоро аланга заданд. Роҳбарияти кишвари мо ҳамеша ва дар ҳар ҳолат кӯшиш мекарданд, ки танҳо бо роҳи мусолиҳатомез ва бо муколимаҳои сиёсиву дипломатӣ қазияи ба миёномадаро ҳаллу фасл намоянд. Мардуми кишвар ҳама яктан ба тарафдории сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат бархостанд. Махсусан даъватҳои ватанхоҳонаи ҷавонони бадахшонӣ дар ин масъалаи ному нанг хеле таъсирбахш буданд! Агарчанде ки тарафи муқобил борҳо аҳдшиканона қавлу қарори дар аҳдномаҳову дар музокироти қаблӣ додаи худро хилоф намуда ва ҳамлаҳои пайдарпайи паҳподӣ мекарданд, роҳбарияти кишвари мо бо сабру тоқати тамом кӯшиш намуданд, ки қазия ҳаллу фасли сулҳомез пайдо намояд.
Суханони ҳикматомези Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, ки тарафҳоро ба эҳтиёткорӣ ва дурандешӣ даъват менамуд, барои таъмини субот дар марз бо кишвари ҳамсоя заминаи солиме муҳайё менамоянд. Умед аст, ки дар ояндаи наздик, бо сайъу кӯшиши ҳарду тараф масъалаҳои баҳсии марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳаллу фасли худро биёбанд ва фазои ороми сулҳу субот ба ин минтақаи ҳассос баргардад. Бояд хидмати содиқонаи тамоми роҳбарон ва хизматчиёни сохторҳои низомиву амниятии Тоҷикистон ва тамоми мардуми шарифи кишварро, ки дар ин рӯзҳои сангин дар канори ҳамдигар буданд ва амру фармонҳоро содиқона иҷро менамуданд, қадр намуд. Дар қазияҳои охир, махсусан генералҳои ватандӯсту патриоти мо — генерал лейтенант Абдураҳмон Аламшозода, генерал — майор Суҳроб Рауфзода, генерал- майор Алишер Мирзонаботов ва тамоми роҳбарияти аввали органҳои қудратӣ, аз худ ҷонфидоӣ ва шуҷоату далерии вижае нишон дода, барои пуштибонии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат хизмати арзанда кардаанд!
Умедворем, дар оянда низ миллати ғаюри Тоҷикистон дар атрофи сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар шаванд ва бо ҳам Тоҷикистони пешрафтаву мутараққиро бисозем!
Ҷашни ҳафтодсолагии Ҷаноби Олиро барои хонаводаи муҳтарам ва барои фард-фарди Тоҷикистони азиз муборакбод мегӯям!
Абдураззоқ Саид