Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Кӯдаконро фаромӯш карданд”


14.12.2020 11:04

: 75

Дар мубориза бо пандемия бисёр кишварҳои сарватманд маҷмӯи чораҳоеро роҳандозӣ карда, ба ширкатҳои нафту газ, корхонаҳои хурду миёна ва дар баъзе ҳолатҳо ба шаҳрвандони оддӣ кумак расониданд, аммо тақрибан ҳамаи онҳо кӯдаконро фаромӯш карданд. Дар давраи аввали пандемия дар кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ҳамагӣ ду фоизи маҷмӯи кӯмаки молиявии давлатӣ барои кӯмак ба оилаҳои фарзанддор ҷудо карда шудааст.

Дар ин бора дар гузориши нави Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) “Дастгирии оилаҳо ва кӯдакон пас аз COVID-19: ҳифзи иҷтимоӣ дар кишварҳои даромади баланд” зикр шудааст.

Муаллифони гузориш бо нигаронӣ аз пайомадҳои пандемия гуфтаанд, таъсири эҳтимолии иҷтимоӣ ва иқтисодии он ба кӯдакон ҷиддӣ хоҳад буд: тарс ин аст, ки фавти кӯдакон ба дараҷае боло хоҳад рафт, ки ҷаҳон ҳадди ақал, панҷ соли охир чунинашро дар ёд надошт:

“Маблағи кумаки молиявӣ, ки мустақиман ба кӯдакон ва оилаҳо расонида шудаанд, бо пайомадҳои мушкили пандемия, ки интизор меравад муддати дароз эҳсос карда шавад, муқоисанопазир аст”, - гуфтааст директори Маркази тадқиқотии ЮНИСЕФ Гунилла Олссон.

Бино ба ин гузориш, аз аввали феврал то охири моҳи июли соли равон кишварҳои дорои даромади сатҳи баланд барои мубориза бо COVID-19 миқдори бесобиқаи 14,9 триллион доллар сарф карданд. Аз ин тақрибан 80 дарсад барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии бахшҳои тиҷоратӣ равона шудаанд.

Зимни қайд кардани аҳамияти дастгирии соҳибкорон дар давраи бӯҳрон, коршиносон ҳарос доранд, ки кумак ба кӯдакони дар канормонда ва оилаҳои онҳо намерасад, яъне онҳое, ки аз ҳама бештар зарар дидаанд, боз ҳам қафо мемонанд:

“Ҳоло, ки мавҷи дуюми COVID-19 дар ҳоли афзоиш аст, бояд қарорҳои бештар мутавозин қабул карда шаванд”, - гуфтааст Олссон.

Тибқи иттилои ЮНИСЕФ, дар мавҷи аввали эпидемия тақрибан сеяки кишварҳои СҲИР ва Иттиҳоди Аврупо ягон чораи махсус барои дастгирии кӯдакон надиданд. Ҳатто он давлатҳое ҳам, ки як миқдор маблағро барои ҳифзи иҷтимоии оилаҳои фарзанддор ҷудо намуданд, танҳо бо пардохти яквақта ё лоиҳаҳои барои ҳадди аксар се моҳ пешбинишуда маҳдуд шуданд.

Қабл аз ин ҳам ЮНИСЕФ нигаронӣ карда буд, ки дар 135 кишвар ҳаҷми хидматрасонии хӯроки кӯдакон 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, то моҳи октябр 265 миллион кӯдакон хӯроки субҳонаи мактабӣ нагирифтаанд.

Бино ба ин гузориш, бо сабаби мутаваққиф шудани ин барномаҳо, беш аз 250 миллион кӯдаки то панҷсола аз витамини А, ки барои рушди онҳо муҳим аст, маҳрум монданд.

Вобаста ба ин коршиносон ҳушдор додаанд, ки сатҳи солонаи фавти кӯдакон метавонад то 2 миллион ва шумораи таваллудҳои мурда 200 ҳазор афзоиш ёбад. Интизор меравад, ки имсол аз 6 то 7 миллион кӯдаки то 5-сола аз лоғарии марбут ба камғизоӣ азият мекашанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 14 фоиз зиёд аст.


Комментарии для сайта Cackle