Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Парвандаи 51-ҷилдаи шаҳрванди Тоҷикистон дар Иркутск


02.03.2021 08:59

: 39

Раёсати тафтишотии вилояти Иркутск парвандаи ҷиноятии як зодаи Тоҷикистонро, ки аз ӯ мубаллиғи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” ном бурда шудааст, ба суд фиристодааст.

Бино ба иттилоияи ин ниҳод, ин шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон, ки дар Иркутск зиндагӣ мекунад, дар ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар амалҳои террористӣ айбдор мешавад. Аз ӯ ном бурда нашудааст.

Гуфта мешавад, айбдоршаванда дар ҳабси пешакӣ буда, бо ҳафт моддаи Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла, мусоидат ба фаъолияти террористӣ, бовар кунонидан ва ҷалби шахс ба омӯзиш барои гузаронидани амалҳои террористӣ ва иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки тибқи қонунгузории Русия террористӣ эътироф карда мешавад, ғайриқонунӣ ба даст овардан, интиқол, фурӯш, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақли силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шудааст, истеҳсоли ғайриқонунии силоҳ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, иштирок дар гурӯҳи ҷиноятӣ, тамаъҷӯӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва одамрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил айбдор карда шудааст. Ҳаҷми парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ 51 ҷилд будааст:

Бино ба маълумоти тафтишот, номбурда моҳи ноябри соли 2019 дастгир шудааст:

“Ҳангоми кофтукоб аз ӯ 14 силоҳ - 10 таппонча ва чор автомат, инчунин лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Муайян карда шуд, ки айбдоршаванда силоҳро худаш сохта, фурӯхтааст. Дар ҷойи истиқомати мард миқдори зиёди адабиёти динӣ ёфт шуд”, - омадааст дар иттилоияи Раёсати тафтишотии Иркутск.


Комментарии для сайта Cackle