Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қадами сиву як бар чӣ самт аст? - 4


30.09.2020 11:13

: 182

Бахши чорум: Вақте ҳадафҳои “комиссар Катании тоҷик” муқобили манфиатҳои миллат буд...

Давомаш. Аввалаш дар инҷост: БАХШИ САВВУМ: Роҳбарони вақт дар андешаи дигар буданд


Ба муттахасисони сиёсати идеологӣ пӯшида набуд, ки бо иллати кадом барномаҳои аз қабл тарҳрезишуда манфиатдорони стратегияи идеологӣ барои мардуми ин минтақа хусусиятҳои бофтаеро нисбат медоданд, аз қабили фидойиву содиқ будан ба оинномаи Ҳизби коммунист ва садоқат ба маршрута (“сохти конститутсионӣ”-и ҳукумат ва давлат, ки дар аввалин қадам ин ормонҳо куллан тағйир пайдо намуда, ба ормонҳои гурӯҳиву маҳалгароӣ табдил ёфтанд, зеро аз рӯзи азал ормон ва аҳдофи сохтаву бофта буданд). Албатта, он вақтҳо ҳамаи мардум пайхас намекарданд, ки кӯшиши ин баҳогузории сифатӣ аз ҷониби бегонаҳо ба мардуми мо бо мақсади тавсиф кардан бошад, ё таҳқир ва ё бадномсозӣ.

Аммо, ончуноне ки мо – муаллифони ин мақола, ҳанӯз дар ҳамон давраҳо, дар сӯҳбатҳои хосса бо дӯстону рафиқону ҳамкорон тахмин мезадему изҳори нигаронӣ мекардем, баъдтар собит гардид, ки ин тамғагузориҳои қалбакӣ ба он хотире будааст, ки рӯзе низомиёни дастаҷамъии минтақа дар кишвар гуруҳи размии намодинеро (фиктивная) бо номи “Фронти халқӣ” созмон диҳанд. Гӯё ин гуруҳ ба сифати як ниҳоди мардумии худҷӯш барои дифои сохти конститутсионӣ бошад. Ҳадаф ин буда, ки худро бо имкониятҳои вижа ва силоҳҳои вазнину тонку зиреҳпӯшҳо дохили он отрядҳои бо ном “халқӣ” намуда, аз номи ин гурӯҳ вориди даргириҳои мусаллаҳона шаванд ва бо мақсади қудратнамоӣ мардуми бесилоҳу бегуноҳу бепуштупаноҳро қатли ом ва дучори воҳимаву даҳшат созанд ва самти сиёсаташонро иҷборан ба мардуми кишвари мустақили мо таҳмил намоянд.

“Фронти халқӣ”-ро моҳи июни соли 1992 Сафаралӣ Кенҷаев бунёд гузошт ва ҳадафи онро “Таъмини адолат ва дифоъ аз сохти конститутсионӣ” эълон кард. Мақсади асосии ин ниҳоди мусаллаҳ баргардонидани Кенҷаев ба сари қудрат буд. Баъди лағви (беэътибор шудани) институти президентӣ ва истеъфои президенти дуввуми Тоҷикистон - Раҳмон Набиев, парламенти кишвар моҳи декабри соли 1991 Кенҷаевро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб ва моҳи апрели соли 1992 ӯро аз вазифа сабукдӯш намуд. Ба ҷои вай Акбаршо Искандаровро аз 08.11.1992 ба ин курсӣ нишонд, ки аз 10.12.1991 иҷрокунандаи муваққатии функсияи институт ё системаи беэътиборгаштаи президентӣ ҳам буд. Аз нигоҳи Кенҷаев, ин тасмими парламент, ки дар зери фишори оппозитсия сурат гирифтааст, ғайриқонунӣ ва ғайриконститутсионӣ тафсир карда мешуд.

Тавре болотар зикр намудем, боз ёдрас месозем, ки дар авҷи замони беҳокимиятӣ ва фазои бесоҳибии давраи гузариш шахсиятҳое, ки бо амри сарнавишт дар сари қудрат қарор гирифта буданд, урзаи иҷрои амалеро надоштанд. Сиёсатмадороне, ки имкони воқеии ба қудрат расиданро доштанд, бо иллати хавфу хатари аз ҷониби коммунистон сарнагун гаштан ҷуръат ба иқдом намекарданд. Ба ҷуз худи Сафаралӣ Кенҷаев, ки ҳам дар назди Тошканд ва ҳам Маскав, ки меҳвар ва шаклдиҳандаи сиёсатҳо ва қудратҳои минтақаӣ маҳсуб меёфтанд, аз пуштибонии мутлақ бархӯрдор буд. Тошканд бо истифода аз маҳбубият ва доштани мақоми “маъмури коргузор ва нозири минтақаӣ”, ки дар назди низоми марказӣ касб намуда буд, Тоҷикистонро гирифтори буҳронҳои сиёсӣ – идеологӣ намуда буд, то дар кишвари мо шахси дастнишони хешро сари қудрат биёрад ва контроли пурраи минтақаро чун дар давраҳои авохири режими шӯравӣ ҳамчунон дар дасти худ нигаҳ дорад.

Сафаралӣ Кенҷаев бо кӯмаки боло худро барои расидан ба қудрати сиёсӣ омода месохт. Дар гирдиҳамоиҳои эътирозии аввалҳои солҳои навадум дар шаҳри Душанбе аввал ӯ ҳамчун роҳбари арзанда, сиёсатмадори ҷабрдидаву аз вазифа сабукдӯшшуда рейтинги сиёсиашро обутоб дода, то ба мақоме расида буд, ки зътирозгарони вилояти Хатлон, ки ӯ барои пуштибонӣ ва дастгирии маънавии онҳо ба ҷануби кишвар сафари таблиғотӣ намуда буд, ӯро “комиссар Катании тоҷик” унвон карда буданд…

Яъне ӯ бо далели зодгоҳ ва асолати “яғнобӣ” доштанаш ҳам дар шимоли кишвар маҳбубият пайдо намуда буд ва ҳам дар ҷануб. Сиёсатмадорони пойтахти кишвар ва навоҳии тобеи марказ ва вилояти Бадахшон, ки аз ормонҳои пантуркистии ӯ огаҳ шуда буданд, дар миёнаи роҳ аз ҷонибдории ӯ даст кашида ва дар муқобилаш мавзеъ гирифтанд.

Кенҷаев тибқи сенарияе, ки аз ҷониби абармардони минтақавии сиёсӣ тарҳрезӣ шуда буд, тамоми марҳилаҳои мактаби тарбияи кадри роҳбарикунандаро бомуваффақият гузашта буд. Дар Маскав ва дар Тошканд мутмаин бар он буданд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ сиёсатмадореро ба монанди Кенҷаев наметавон пайдо намуд, ки ҳам донишу маҳорату малакаи сиёсӣ, ҳам рейтинги зарурӣ ва ҳам пуштибонии қудратҳои сарнавиштсозро дошта бошад. Дар асл ҳам чунин буд. Сафаралӣ Кенҷаев истеъдоди модарзоди роҳбариву малакаи нозуки тарафдору ёрҷазбкунанда дошт. Дар он солҳои бесоҳибиву бероҳбарӣ танҳо ӯ омода бар он шуда буд, ки ҷумҳуриро сарварӣ ва раҳнамоӣ кунад, чун аз лиҳози сиёсиву дипломатӣ дигарон ҳанӯз пухта нарасида буданд. Ӯ тавониста буд, ки ризоияти роҳбарони сиёсӣ ва коршиносони идеологии кишварҳои абарқудратро барои расидан ба қудрат ба даст орад. Аммо дар ду самти хеле муҳим аз худ кӯтоҳӣ зоҳир намуда буд.

1. Ҳадафи стратегӣ – сиёсии меҳварии вай – “дифоъ аз Ҳизби коммунист ва барқарорсозии СССР”, дар тамоми қаламрави собиқ Шӯравӣ амалан маҳкум ба завол гардида ва ҳамчун идеяи сиёсӣ беасару бесамар шуда буд. Худи ӯ баъдтар, бо андӯхтани таҷрибаи ҳаётӣ, асли меҳварро бо гузинаи дигар – “дифоъ аз сохти коститутсионӣ дар минтақа” табдили унвон сохт, вале боз ҳам беасар монд. Ӯ бартарии мавқеъ ва қудрати тарафи муқобилро баҳо дода натавонист.

Бо Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода, ки рейтинги сиёсиаш аз ӯ дида, ба мартабаҳо болотар рафта буд, натавонист забони муомила пайдо намояд. Ҳарчанд мақомот ба ӯ имконияти сари қудрат омаданро намедоданд ва худи ӯ ҳам хатари ҳанӯз дар оғози кор сарнагуншуданро дақиқ дарк менамуд, барои ба қудрати расмӣ расидан талош намекард. Вале имкони он мавҷуд буд, ки танҳо созиши ҳардуи ин шахсиятҳо, ки бозигарони асосии сиёсии онзамона буданд, кишварро ба сулҳу субот биёрад. Шояд барои Тошканд ин беҳтарин роҳи ҳалли масъала мебуд. Зеро иттиҳоди ин ҳарду, ки таҳсилкардаи ҳамон кишвар буданду барои тарафи тасмимгирандаи аслӣ афроди “худӣ” маҳсуб меёфтанд, метавонист давлатеро сари қудрат биёрад, ки аз чорчӯбаи манфиатҳои ҷумҳурии ҳамсоя берун набарояд. Сабаби ба ҳам ҷӯр наомадани ин ду сиёсатмадор таззод дар табиати стратегияи сиёсиашон буд.     

Тӯраҷонзода хоҳони эъмори системаи давлатдорие буд, ки бо дину мазҳаб мушкиле надошта бошад, аммо ормонҳои сиёсии Кенҷаев иборат аз дифои мавқеи аздастрафтаи Ҳизби коммунист ва баргаштан ба низоми Шӯравӣ буд, ки дар стержени умумии мантиқии китоби ӯ “Табаддулот дар Тоҷикистон” баръало эҳсос карда мешавад.

2. Кенҷаев Тошканду Маскавро мутмаин сохта тавонист, ки дар муқобили даст ёфтан ба қудрати сиёсӣ аз манфиатҳои минтақавии онҳо пуштибонӣ хоҳад намуд. Аммо ӯ манфиатҳои худи халқу миллати тоҷикро, ки соҳиби асосии ин сарзамин ҳастанд, нодида мегирифт. Ӯ мисли тамоми сиёсатмадорони онзамона бовар ҳам намекард, ки барои ба сари қудрат омадан манфиат ва арзишҳои миллати маҳаллиро ҳам метавон шиори тактикӣ ва меъёри аслии аҳдофи стратегӣ эълон кард. Ҳама бар он буданд, ки барои ноил шудан ба қудрат дар Тоҷикистон бояд дар фикри манофеи абарқудратон бошӣ, на дар фикри манфиатҳои миллати худат.

Ин буд, ки амалан Кенҷаев, ки бори дуввум дар Тоҷикистон барои мӯҳлати як субҳ то бегоҳ қудрати сиёсиро ба даст оварда буд ва дар пушташ муттакои азими қудрат, ҳамчунин бештар аз ду ҳазор низомиёни мусаллаҳи аксаран ӯзбек ва имконоти пурраи ҳарбии дивизияи (базаи) 201-уми Русия буданд, натавонист қудрати бадастомадаро дар дасташ нигаҳ дорад ва ба он ҷанбаи ҳуқуқӣ ато намояд. Миллати тоҷик ҳам ӯро ба унвони шахси дастнишондаи бегонагон напазируфт…


Сулаймонбеков Аноятбек

генерал-майори амният     


Абдураззоқ Саид

журналист, фаъоли ҲХДТ

махсус барои “ИмрӯзNews


(Идома дорад)


Комментарии для сайта Cackle